«Андалеб-2020» бо тобиши рангини ҳунарӣ 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро инъикос менамояд

Март 11, 2020 14:54

 ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аз моҳи март то нимаи якуми моҳи август бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2020»-ро баргузор менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 29 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани он бояд тамоми муассисаву ташкилот, идораву корхонаҳо, инчунин ашхоси алоҳида саҳмгузор бошанд.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб- 2020» ба ҳамагон имкон медиҳад, ки аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи мамлакатро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон гардонанд.

Даври аввали он аз 10 март то 10 май дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

— даври дуюми он моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— даври ниҳоӣ ва гулчини фестивал–озмун аз 1 то 9 август бо иштироки 14 дастаи ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ғолиб дар толори Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев»-и шаҳри Душанбе доир мегардад.

Дастаҳои ҳунарӣ дар интихоби мавзӯъ ва ҳунарнамоӣ соҳибихтиёр мебошанд, вале мақсаду меҳвари асосии фестивал-озмун ва мавзӯи марказии ҳар бахши ҳунарӣ бояд марбут ба истиқлолияти ҷумҳурӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати истиқлолият, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон бошад.

Фестивал-озмун аз рӯи 12 шарт: намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсараён-аккопела (бе сози мусиқӣ), намоиши либосҳои миллӣ бо иловаи навгониҳои имрӯза, навозиши умумӣ, рақси яккаи дорои мавзӯи мушаххас дар иҷрои зан ё мард, суруди якка бо либоси миллӣ дар иҷрои мард ё зан,  навозиши якка бо сози нодири миллӣ,  бадеҳа, дуэт ё лапар, суруди анъанавӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ ва сюитаи овозию рақсӣ доир гардида, дар маҷмӯъ, барномаи ҳунарии ҳар як даста дар доираи як соату 30 дақиқа пешниҳод мегардад.

Ғолибони даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2020» ва номинатсияҳои беҳтарин аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ,  иштирокчиёну созмондиҳандагони фаъол бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2020» барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва адабиёт, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти  ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав,  таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона ҳамасола дар мамлакат доир мегардад.

«Андалеб» падидаи солҳои навадуми қарни ХХ буда, аз он давра инҷониб на танҳо дар тарбияи истеъдодҳо нақши муассир мегузорад, балки  ҳамчунин ба сарҷамъию муттафиқии мардумони сарзамин, таҳкими сулҳу осоиши мамлакат ва таъмини якпарчагии Тоҷикистони маҳбуб такони тоза мебахшад.

Март 11, 2020 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт