Аз коронавирус наҳаросед. Коршинос оид ба оқибатҳои манфии ба таҳлука афтодан аз он сухан гуфт

Март 16, 2020 10:44

ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тарсу ҳарос аз гирифторшавӣ ба COVID-2019 метавонад  даҳшати  беназорат, таассуроти дардовар ва амалҳоеро, ки ба дигарон зарар мерасонанд, ба бор биорад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора равоншинос, мудири шуъбаи  кумаки психотерапевтӣ ва барқарорсозии иҷтимоии шифохонаи бемориҳои рӯҳии № 1 ба номи  Алексеева, Никита Чернов 15 март ба воситаи  агентии «Москва» шаҳрвандонро  огоҳ намудааст.

«Яке аз сабабҳои пайдоиши тарс  ба маълумоти тавассути воситаҳои ахбори омма паҳншаванда иртибот дорад. Мо дар бораи сатҳи баланди фавт, оид ба он ки беморӣ то ҳанӯз   пурра таҳқиқ нашудааст, эмкунӣ вуҷуд надорад,  дар аксар кишварҳо карантин ва чораҳои амниятӣ ҷорӣ шудаанд, маълумот мегирем. Ҳамаи ин эҳсоси нохуб ба бор меорад, ки боиси изтироб гашта, одамро метарсонад. Чунин вокуниши одамон як майли табиист, ки мутаассифона, айни ҳол аз ҷониби ВАО ба таври сунъӣ тақвият меёбад»,- гуфт  мутахассис.

Дар радифи оқибатҳои мусбати афзудани лаҳзаҳои пуризтироб, равоншинос таъкид сохт, ки   захираҳои организми инсон бештар мешаванд ва  ӯ аз сари эҳтиёт кор мегирад. Вале, Чернов зикр намуд, ки пеш аз ҳама,  ба тарси коронавирус бояд муқовимат намуд. Бо ин мақсад, коршинос шаҳрвандони Москваро даъват кард, ки танҳо ба иттилои боэътимод бовар кунанд, ҳукуматдорон  дар навбати худ корро бо аҳолӣ тақвият бахшанд ва назорати иттилоотиро пурзӯр намоянд.

«Дар Москва барои пешгирии паҳншавии вирус тамоми чораҳо роҳандозӣ мешаванд, вазъият таҳти назорати шахсии  шаҳрдори  пойтахт қарор дорад  ва ба воҳима афтодан маънӣ надорад»,- хулоса намуд Чернов.

Қаблан, 15 март, мири шаҳр  Сергей Собянин итминон дод, ки ҳукуматдорони Москва ба сокинон дар бораи ҳолатҳои нави пайдошавии коронавирус дар ин шаҳр хабар медиҳанд ва ба кумаки шаҳрвандон барои муайян кардани доираи шахсони сироятёфта умедворанд.

То 15 март дар Россия 59 нафар бо коронавирус ошкор шуданд, ки аксари онҳо (56 нафар) шаҳрвандони Федератсияи Россия ҳастанд. Ҳамчунин  ташхис нишон дод, ки ду нафар чинӣ ва як нафар итолиёвӣ гирифтори бемории COVID-19  будаанд. Ҳамаи онҳо ин бемориро аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо  овардаанд.

Дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, истгоҳҳои ҳавоӣ  ва роҳи оҳан назорат пурзӯр шудааст. Барои пешгирии  коронавирус дар Россия Шӯрои машваратӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза ҷаласа доир месозад.

Хурӯҷи бемории COVID-2019 охири моҳи декабр, дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Worldometer, то 15 март дар тамоми олам зиёда 156 нафар сироят ёфта, 75 ҳазор нафар саломат шуда, зиёда аз 5 ҳазор нафар фавтидаанд.

АКС : ИЗВЕСТИЯ/Дмитрий Коротаев

Март 16, 2020 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад