Аз коронавирус наҳаросед. Коршинос оид ба оқибатҳои манфии ба таҳлука афтодан аз он сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тарсу ҳарос аз гирифторшавӣ ба COVID-2019 метавонад даҳшати беназорат, таассуроти дардовар ва амалҳоеро, ки ба дигарон зарар мерасонанд, ба бор биорад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора равоншинос, мудири шуъбаи кумаки психотерапевтӣ ва барқарорсозии иҷтимоии шифохонаи бемориҳои рӯҳии № 1 ба номи Алексеева, Никита Чернов 15 март ба воситаи агентии «Москва» шаҳрвандонро огоҳ намудааст.
«Яке аз сабабҳои пайдоиши тарс ба маълумоти тавассути воситаҳои ахбори омма паҳншаванда иртибот дорад. Мо дар бораи сатҳи баланди фавт, оид ба он ки беморӣ то ҳанӯз пурра таҳқиқ нашудааст, эмкунӣ вуҷуд надорад, дар аксар кишварҳо карантин ва чораҳои амниятӣ ҷорӣ шудаанд, маълумот мегирем. Ҳамаи ин эҳсоси нохуб ба бор меорад, ки боиси изтироб гашта, одамро метарсонад. Чунин вокуниши одамон як майли табиист, ки мутаассифона, айни ҳол аз ҷониби ВАО ба таври сунъӣ тақвият меёбад»,- гуфт мутахассис.
Дар радифи оқибатҳои мусбати афзудани лаҳзаҳои пуризтироб, равоншинос таъкид сохт, ки захираҳои организми инсон бештар мешаванд ва ӯ аз сари эҳтиёт кор мегирад. Вале, Чернов зикр намуд, ки пеш аз ҳама, ба тарси коронавирус бояд муқовимат намуд. Бо ин мақсад, коршинос шаҳрвандони Москваро даъват кард, ки танҳо ба иттилои боэътимод бовар кунанд, ҳукуматдорон дар навбати худ корро бо аҳолӣ тақвият бахшанд ва назорати иттилоотиро пурзӯр намоянд.
«Дар Москва барои пешгирии паҳншавии вирус тамоми чораҳо роҳандозӣ мешаванд, вазъият таҳти назорати шахсии шаҳрдори пойтахт қарор дорад ва ба воҳима афтодан маънӣ надорад»,- хулоса намуд Чернов.
Қаблан, 15 март, мири шаҳр Сергей Собянин итминон дод, ки ҳукуматдорони Москва ба сокинон дар бораи ҳолатҳои нави пайдошавии коронавирус дар ин шаҳр хабар медиҳанд ва ба кумаки шаҳрвандон барои муайян кардани доираи шахсони сироятёфта умедворанд.
То 15 март дар Россия 59 нафар бо коронавирус ошкор шуданд, ки аксари онҳо (56 нафар) шаҳрвандони Федератсияи Россия ҳастанд. Ҳамчунин ташхис нишон дод, ки ду нафар чинӣ ва як нафар итолиёвӣ гирифтори бемории COVID-19 будаанд. Ҳамаи онҳо ин бемориро аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо овардаанд.
Дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, истгоҳҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳан назорат пурзӯр шудааст. Барои пешгирии коронавирус дар Россия Шӯрои машваратӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза ҷаласа доир месозад.
Хурӯҷи бемории COVID-2019 охири моҳи декабр, дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Worldometer, то 15 март дар тамоми олам зиёда 156 нафар сироят ёфта, 75 ҳазор нафар саломат шуда, зиёда аз 5 ҳазор нафар фавтидаанд.
АКС : ИЗВЕСТИЯ/Дмитрий Коротаев








ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»






