Аз сабаби пандемияи коронавирус мусобиқаҳои қаиқронӣ низ ба таъхир афтода ё лағв гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии каноэ (ICF) эълон кард, ки мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба каноэ(қаиқронӣ), ки дар давраи то 31-уми май ба нақша гирифта шуда буд, бо сабаби авҷ гирифтани хурӯҷи вируси корона (COVID-19) доир карда намешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тавре хабар дода мешавад, ICF амалкардҳояшро дар робита ба ҳолати фавқулоддаи вобаста ба коронавирус, хусусан барҳам додан ё ба вақти дигар гузаронидани мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 идома медиҳад.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо пахши як изҳорот тасдиқ кардааст, ки Бозиҳои олимпии Токио тибқи нақша 24 июл оғоз мегарданд. Кумита ҳамчунин зикр намудааст, ки ба намудҳои варзише, ки ҳоло роҳхат ба бозиҳоро доранд, мисли каноэ, кӯмак хоҳад кард.
Вазъият дар робита ба вируси корона дар ҷаҳон ноустувор боқӣ мемонад, аз ин рӯ мусобиқаҳои калидӣ аллакай лағв карда шуданд. Феълан ICF ҳамаи мусобиқаҳои интихобии олимпии қоравӣ, аз ҷумла Чемпионати Осиё оид ба каноэро, ки бояд дар Тайланд баргузор мешуд, барҳам дод. Мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ низ 21-24 май дар Дуисбурги Олмон доир намешавад, вале ICF ва кумитаи тадурокот имкони баргузории мусобиқаро дар охири моҳи июн баррасӣ менамоянд.
ICF барои тақсими роҳхатҳо дар равияи слалом радабандии ҷаҳониро истифода хоҳад кард. Ин масъала феълан бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ муҳокима мешавад ва қарор дар ин бора оғози моҳи апрел қабул мегардад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






