БОКС: Баҳодур Усмонов бар ҳарифи якумаш пирӯз гардид

Март 5, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони Шоҳигарии Урдун идома дорад, бар аввалин ҳарифаш ғолиб омад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ӯ дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар варзишгари Непал Санил Шаҳӣ бо ҳисоби 5:0 ғолиб омада, ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Дар чорякфинал 9 март Баҳодур бо варзишгари кишвари мизбон Обада Алкасба вомехӯрад.

Соли гузашта Баҳодур Усмонов дар финали Чемпионати Осиё Алкасбаро мағлуб карда буд. Ин аввалин пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон дар Аммон мебошад. Ду рӯзи аввали мусобиқа 5 варзишгари мо — Мирзомуҳаммад Бахтиёр дар вазни 75кг, Шуҳрат Сабзалиев дар вазни 52кг, Шералӣ Мамадалиев дар вазни 69кг, Миҷгона Самадова дар вазни 57кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Бояд зикр кард, ки 6 март дар вазни -91кг Давлат Болтаев бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, дар вазни +91кг Сиёвуш Зуҳуров бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва 7 март дар вазни -57кг Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг маҳориба мекунанд.
Миёни бонувон 6 март дар вазни -69кг Нилуфар Бобоёрова бо Байсон Маникон аз Тайланд, 7 март дар вазни -51кг Сумайя Қосимова бо Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун қувва месанҷанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи низомнома дар қораи Осиё/Уқёнус миёни бонувон дар вазни -51кг 6 нафар, дар вазнҳои -57кг, -60кг, -69, -75кг 4-нафарӣ, миёни мардон дар вазнҳои -52кг, -57кг, -63кг 6-нафарӣ, дар вазнҳои -69кг, -75кг, -81кг 5-нафарӣ ва дар вазнҳои -91кг, +91кг 4-нафарӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.

Баҳодур Усмонов яке аз варзишгарони шинохтаи тоҷик мебошад, ки ҳам барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё дар Тайланд дар вазни то 64 кг ва ҳам соҳиби се медали тилло, як нуқра ва як биринҷии мусобиқоти байналмилалӣ мебошад.

Март 5, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад