БОКС: барои гирифтани роҳхати олимпӣ ба Шаббос як пирӯзии дигар зарур аст
ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик Шаббос Негматуллоев 10 март дар Мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони Урдун идома дорад, дар қувваозмоии аввали даври бокс-офф дар вазни то 81 кило бар варзишгари Тайланд Йомхот Ҷаккапонг бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар вазни-81кг барои қораи Осиё/Уқёнус 5 роҳхат пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, варзишгароне, ки дар чорякфинал мағлуб гардиданд, барои як роҳхат мусобиқаро идома медиҳанд. Дар ҷуфти дигари ин давр Сачин Кумар аз Ҳиндустон бар намояндаи Ветнам Нгуйен Чуонг пирӯз шуд. Акнун имрӯз Шаббос бо Сачин барои ба даст овардани роҳхат қувва месанҷанд.
Ҳамчунин имрӯз боз ду муштзани тоҷик — Баҳодур Усмонов ва Сумайя Қосимова – дар даври бокс-офф барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 мубориза мебаранд. Баҳодур дар сабқати мардон дар вазни то 63 кило бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Сумайя дар сабқати занон дар вазни то 51 кило бо Ириш Магнои филиппинӣ рақобат мекунанд. Ғолибони ин ду қувваозмоӣ ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио мушарраф мешаванд.
Ба ин тартиб, аз 12 муштзани тоҷик (8 мард ва 4 зан) се нафар – Баҳодур Усмонов, Сумайя Қосимова ва Шаббос Неъматуллоев -муборизаро барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 идома медиҳанд.
Дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, беш аз 250 нафар варзишгарон аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) талош меварзанд.
Тибқи низомнома, дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81 кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91 кг ва беш аз 91 кг чорнафарӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24 июл то 9 августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25 июл то 9 август доир хоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






