Бозиҳои Ҷоми КФО-2020 бо иштироки «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ба вақти дигар гузаронда шуданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 18 март Конфедератсияи футболи Осиё ба таъхир гузоштани ҳамаи бозиҳои мусобиқаҳои худро, ки мувофиқи нақша бояд моҳҳои март ва апрел баргузор мешуданд, вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус расман эълон намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бо сабаби хуруҷи ин беморӣ ва маҳдуд шудани омаду рафт, инчунин бо назардошти саломатӣ ва бехатарии футболбозон ва чанд дархосте, ки аз ассотсиатсияҳои ширкаткунанда ворид шудаанд, Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқоти худро, ки аз рӯи нақша бояд моҳҳои март ва апрел баргузор мегаштанд, ба таъхир гузорад.
Конфедератсияи футболи Осиё пеш аз пешниҳоди санаҳои нав барои бозиҳои ба таъхир гузошташуда вазъро бодиққат арзёбӣ ва назорат мекунад. Ба ин тартиб чор бозии моҳи апрелии Ҷоми КФО-2020 бо иштироки дастаҳои Тоҷикистон – «Олтин Асир» – «Истиқлол» (15 апрел, Ашқобод), «Хуҷанд» – «Дордой» (15 апрел, Хуҷанд), «Хуҷанд» – «Олтин Асир» (28 апрел, Хуҷанд) ва «Истиқлол» – «Дордой» (29 апрел, Душанбе) ба вақти дертар гузошта шуданд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан бозии даври ҳафтуми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон, ки бояд 26 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешуд, ба вақти дигар гузошта шуд. Инчунин бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби Япония – Тоҷикистон (4 июн) ва Тоҷикистон – Мянма (9 июн) низ ба санаи номуайян гузошта шуданд.








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






