COVID-19 ДАР ИДМ. Дар Арманистон, Беларус ва Ӯзбекистон теъдоди мубталоён ба коронавирус афзоиш ёфт

Март 20, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ошкор гардидани 14 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус дар Арманистон, 18 ҳолат дар Беларус ва 10 ҳолат дар Ӯзбекистон шумораи мубталоён дар ин кишварҳо мутаносибан ба 136, 69 ва 33 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки аз 10 нафари имрӯз дар Ӯзбекистон сироятёфта 9 нафарашон хешовандони наздики бемори қаблан ба коронавирус мубталошуда ва 1 нафар мусофире, ки ба наздикӣ аз хориҷа омада буд, мебошанд.

Чанде пеш шумораи гирифторони коронавирус дар Арманистон 122 нафар, дар Беларус – 69 ва дар Ӯзбекистон — 8 нафар буд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, ба ҳолати субҳи 20 март шумораи умумии гирифторони коронавирус дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла, дар Россия 199 нафар, дар Молдова – 49, дар Қазоқистон – 49, дар Озарбойҷон — 44, дар Украина — 26 ва дар Қирғизистон — 6 нафарро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, имрӯз дар Афғонистони ҳамсоя низ ду ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии онҳо дар ин кишвар ба 24 нафар расид, ки миёни онҳо 1 кас аз беморхона ҷавоб шуд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 247 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 10 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 88,5 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 7,4 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Март 20, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон