COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия аз ҳазор нафар гузашт

Март 27, 2020 14:01

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 182 нафар зиёд шуда, акнун теъдоди умумии онҳо дар ин давлат 1036 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи беморони шифоёфта ва фавтидагон низ дар Россия зиёд шуда, мутаносибан ба 45 ва 3 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин бо ошкор гардидани 22 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус дар Украина ва 14 ҳолати дигар дар Қирғизистон шумораи мубталоён дар ин давлатҳо мутаносибан ба 218 ва 58 нафар расид.

Қаблан шумораи сироятёфтагон дар Россия 840 нафар, Украина — 196 ва Қирғизистон — 44 нафар буд.

Дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, он мутаносибан 329, 86, 124, 177, 122 ва 83 нафарро ташкил медиҳад.

Дар баъзе аз ин давлатҳо шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 45 нафар, Беларус — 29, Арманистон — 18, Озарбойҷон — 15, Ӯзбекистон – 5, Молдова — 2, Қазоқистон — 2 ва Украина — 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштаанд.

Илова бар ин, дар Россия 2 ҳолати фавт бар асари коронавирус, Озарбойҷон – 3, Молдова – 2, Арманистон – 1, Қазоқистон — 1, Ӯзбекистон — 1 ва Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, дар ҷаҳон беш аз 537 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 24 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 124 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 19 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

ДАР АКС: Маркази тиббии бисёрҷанбаи «Новомосковский» дар Коммунарка, Москва, Россия

АКС аз Валерий Шарифулин (ТАСС)

Март 27, 2020 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон