COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 840 нафар расид
ДУШАНБЕ, 26.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 182 нафар зиёд шуда, теъдоди умумии онҳо дар ин давлат ба 840 нафар расид. Шумораи беморони шифоёфта низ дар Россия зиёд шуда, ба 38 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Ҳамчунин бо ошкор гардидани 25 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус дар Арманистон, 9 дар Қазоқистон, 5 дар Ӯзбекистон ва 11 дар Украина шумораи мубталоён дар ин давлатҳоҳо мутаносибан ба 290, 97, 65 ва 156 нафар расид.
Дар Озарбойҷон, Беларус, Молдова ва Қирғизистон шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, он мутаносибан 93, 86, 149 ва 44 нафарро ташкил медиҳад.
То имрӯз дар Россия 38 нафар, Беларус — 29, Арманистон – 18, Озарбойҷон – 10, Молдова – 2 ва Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд.
Илова бар ин, дар Россия 2 ҳолати фавт, Озарбойҷон – 1, Молдова – 1 ва Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, дар ҷаҳон беш аз 473 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 21 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 114 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 14 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.
АКС аз Валерий Шарифулин/ТАСС








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






