COVID-19. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шумораи гирифторони коронавирус ба 120 ва дар фазои ИДМ ба 1060 нафар расид

Март 23, 2020 11:13

ДУШАНБЕ, 23.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати субҳи 23 март шумораи гирифторони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 120 ва дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 1060 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки ҳамчунин аъзои ИДМ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 60, 46 ва 14 нафарро ташкил медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Россия 438 ҳолат, дар Арманистон – 194, дар Молдова – 94, дар Беларус – 76, дар Украина – 73 ва дар Озарбойҷон – 65 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

То имрӯз дар Россия 17 нафар, дар Беларус — 15, дар Озарбойҷон – 11, дар Арманистон – 2, дар Молдова ва Украина 1-нафарӣ шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд. Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатии фавт ва дар Украина се ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус ба 40 нафар расида, аз миёни онҳо 1 бемор шифо ёфт ва 1 тани дигар вафот кард.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 339 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 14,7 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 99 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 10,5 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар ин кишвар 81 ҳазору 93 нафарро ташкил медиҳад, ҳарчанд коҳиши ҳолатҳои нав мушоҳида мешавад. Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои дуюм буда, дар он 59 138 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он ба 5 476 нафар расид.

ИМА аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷои сеюм буда, дар он 34 758 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шуд. Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 28 768, Германия — 24 873, Эрон — 21 638, Франсия — 16 018, Кореяи Ҷанубӣ — 8 961, Швейтсария — 7 474 ва Британияи Кабир — 5 683 ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи кишварҳо ва ҳудудҳои паҳншавии сироят меафзояд. СУТ имрӯз дар бораи беш аз 190 давлат ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавируси нави COVID-19 охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри марказии сераҳолии Чин – Вуҳани 12-миллиона ба қайд гирифта шуд. 11 март СУТ онро пандемия эълон кард.

АКС аз Sputnik Узбекистан / Рамиль Ситдиков

Март 23, 2020 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид