COVID-19. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шумораи мубталоён ба коронавирус ба 91 ва дар фазои ИДМ ба 700 нафар расид
ДУШАНБЕ, 21.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати субҳи 21 март шумораи мубталоён ба коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 91 ва дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 700 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки ҳамчунин аъзои ИДМ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 52, 33 ва 6 нафарро ташкил медиҳад.
То имрӯз дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Россия 253 ҳолат, дар Арманистон – 136, дар Беларус – 69, дар Молдова – 66, дар Озарбойҷон – 44 ва дар Украина – 41 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии онҳо дар фазои Иттиҳод 700 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи гирифторони коронавирус 24 нафар буда, аз миёни онҳо 1 кас аз беморхона ҷавоб шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 276 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 11,4 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 91,9 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 7,9 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.
АКС аз Uzbekistan Airways








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






