«ДАҲИ НАВРӮЗ» — АНЪАНАИ ҚАДИМИ ТОҶИКОН. Дар ин айём мардум ба поккорӣ ва ба тартиб овардани манзили зисту маҳаллаҳояшон машғул мешуданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Анъанаҳои зебою пур аз ҳикмати тоҷикон дар айёми Наврӯзи навбаҳорон беҳисобанд. Аз ҷумла, ниёгони мо аз қадимулайём дар ин давра анъанаеро ба ҷо меоранд, ки дар кӯҳистон бо номи «Даҳи наврӯз» маъруф мебошад. Дар ин мавзӯъ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода мулоҳизаҳояшро баён намудааст, ки дар зер онро манзури хонандагон мегардонем:
— Дар «Даҳи наврӯз мардум тамоми ҷиҳози хонаро берун бароварда, хонаро сафед намуда, аз кӯрпаву палос сар карда, ҳама лавозимоти рӯзгорро мешустанд, метаконданд ва дар берун меовехтанд, то шӯълаи офтоб онҳоро безарар гардонад. Барои онҳо Наврӯз, пеш аз ҳама, поккорӣ, ба тартиб овардани манзилу кошона ва деҳу маҳаллаҳо арзёбӣ мешуд.
Тамоми мардуми маҳаллаю деҳа ба ҳашар баромада, ҷӯй ва дарёҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, бехи дарахтони қади роҳро нарм мекарданд, яъне то ҷашни Наврӯз омодагии ҷиддӣ медиданд.
Рамзист, ки дар ин давра бонувони хонадон дару тирезаҳои хонаро кушода мемонданд, то ба хона нурҳои тиллоранги офтоб ҳар чи зиёдтар ворид гарданд ва давоми сол манзили онҳо пур аз шодию нишот бошад.
Онҳо дегу табақи мисини хонаро бо регҳои обшӯстаи соҳил шустушӯ намуда, соиш медоданд, то ин зарфҳо ба мисли тилло ҷилоноку зебо шаванд. Зарфҳои кӯҳнаю фарсудаи хонаро мепартофтанд, то ҳама ноомадиҳои соли рафтаро ҳамроҳи онҳо аз манзилашон берун кунанд.
Мояи хушҳолист, ки дар Ватани мо ин расму оин ва анъанаҳои неки ниёгон дубора эҳё ва тақвият меёбанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Воқеан, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави мамлакат мебошад».
Чун идомаи анъанаи неки ниёгон имрӯзҳо сокинони мамлакат ба ҳашар баромада дар поксозии атроф саҳм мегузоранд.
Аҷдодони мо чоршанбеи охир то рӯзи Наврӯз гулхан афӯхта, дар атрофаш суруду таронаҳои наврӯзӣ хонда, чарх мезаданд ва аз болои он ҷаҳида, “зардии рӯямро бигир, сурхии рӯйятро бидеҳ” мегуфтанд.
Пас аз анҷоми ин расм мардон сару либос ва ҷомаи худро иваз намуда, бо пероҳани нав ба Наврӯзгоҳ мерафтанд. Он иқдом низ рамз дошт. Мардуми мо мисли замин, ки дар ин айём ҷомаи нав ба бар менамояд, бо нияти нек либоси нав мепӯшиданд. Ин анъанаро занону духтарон ҳам такрор намуда, ба рӯй сафедию ба лабон сурхӣ молида, бо пӯшидани либосҳои ҳарири баҳорӣ хешро чун маликаи баҳор оро медоданд.
Ҳамзамон духтаракон ба нӯги мӯйяшон аз матои сафед ҷамолак бофта, кокулонашонро ба даври доман сар дода, худро чун шохаи пур аз гули сурху сафеди себу бодом пероста менамуданд.
Навҷавонон бо ин рафторашон ба баҳор ҳусни тоза зам намуда, ишқу муҳаббатро ҷилои нав мебахшиданд, ки ин манзараро устод Лоиқ чунин ба тасвир додааст:
Кӯҳҳо ҷомаи атлас пӯшанд,
Духтарон махзани дил боз кунанд.
Остин барзада то соатгоҳ,
Пайи сӯзондани мо ноз кунанд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки дар қадим сарлашкарон пайи хифзу ҳимояи марзу буми Ватан дар назди гулхани оташ савганд ёд менамуданд. Онҳо қалбу нияти хешро бо оташу об пок намуда, маросими мазкурро ҳатман дар айёми Наврӯз ба ҷо меоварданд, ки ба андешаашон ин кор хосияти нек дошт.
Занону мардон гулгардонӣ намуда, дар васфи Наврӯз шеъру тарона мехонданд. Илҳоми шоирон чун чашмаҳои баҳорӣ ҷӯш зада, онҳо бо забони шеър гулдухтарони зеборо ба сайри боғу чаман даъват намуда, изҳори меҳру муҳаббат мекарданд. Тавре вориси ин шоирони тавоно устод Бозор Собир гуфтааст:
Аз таги шабкӯраки чатрат баро хушрӯи ман,
Бар қаламчӯби ману бар чӯб Наврӯз омада.
Садқаи ҳусни туву қурбони ту,
Дар гӯлуям наъраи шеъри гулусӯз омадаст.
Гузаштагони мо анъанаи дигаре ҳам доштанд. Дар ин айём либосҳои даридаи ятимони нодорро чун тӯб сохта, онро ба дурӣ партофа, онҳоро оташ мезаданд. Пас аз дар гирифтану сӯхтани он либосҳо онҳо гӯё камбағалию нодориро аз онҳо дур сохта, дороии онҳоро талаб менамуданд.
Маросими тайёр намудани суманак ҳам анъанаи ба худ хос дошт. Дар гирди деги суманак занону духтарони зебо ба абрӯвонашон усмаи тар кашида, худашонро бо либосҳои идона ва зару зевар ороиш медоданд. Тамоми шаб дар атрофи деги суманак тарона хонда, рақсу бозӣ мекарданд. Занону духтарон барои амалишавии умеду орзуҳои хеш, ки гӯё дар сари деги суманак дар дил гуфтани онҳо хосияти нек доштааст, бо кафгир онро бо навбат мекофтанд.
Дар ин айём мардумон дар боғҳо сайругашти идона намуда, духтарон дар шохаҳои дарахт бо белинчак бод мегирифтанд, ки ин манзара хеле ҳам зебову хотирмон буд. Либосҳои идонаи занон нисбат ба либосҳои мардона фарқе доштанд. Мардон тоқии чоргул ба сар мегузоштанд, ки он рамзи чор фаслро дошт. Занон, ки ба монанди табиат офаридагор буданд, дар матоъҳои либосҳояшон гулҳои табиатро нақшбардорӣ мекарданд. Махсусан занон дар рӯзи Наврӯз пӯшидани либоси сафеди парпарро ҳамчун рамзи гулпӯш шудани табиат меписандиданд.
Мутаассифона, ин либосро имрӯз ба либосҳои итолиявиҳо мансуб медиҳанд. Лекин агар ба таърихи либосҳои миллии тоҷикон жарфтар назар афканем, дар асл ин либос маҳсули тафаккури занони мо аз замонҳои қадим аст.
Аслан Наврӯзро гулдӯзии чаман мехонанд. Бонувони мо дар матоъ гулдӯзӣ карданро маҳз аз манзараҳои табиат дар Наврӯз омӯхтаанд. Лолазори зебою дилрабои Тоҷикистонро дар Наврӯз дар ҳеҷ гӯшаи олам наметавон пайдо кард. Анъанаи беҳтарини наврӯзии тоҷикон –сайри гули лола то имрӯз побарҷост. Мардум ба суроғи лола ба дашту доманакӯҳҳо махмалин мераванд. Ҳикмати дигари Наврӯз ин аст, ки дар ин фасл борони найсон меборад. Ин борон аз боронҳои дигар бо ҳикмати шифоияш фарқ мекунад. Нафарони бемӯй дар зери ин борон сари луч мегарданд, то сарашон тар шуда, аз сари нав мӯй бароранд. Ин борон тӯлонӣ буда, бо садои зангӯлааш субҳи содиқ мардумро аз хоб бедор менамояд, то дарашонро кушода, аз тақсимоти ризқ бенасиб намонанд.
Хулоса ниёгони мо Наврӯзи дилафрӯзро бо поккорӣ оғоз мекарданд. Чун имрӯз Наврӯзи дилафрӯз ба сарзамини мо қадам мениҳад, пас, биёед, мо низ онро чун аҷдодони худ бо тозаю озода гардонидани маҳал ва кошонаҳои худ пешвоз гирем!