Дар Аврупо зиёда аз 250 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст

Март 27, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Аврупо теъдоди зиёди сироятёфтагон ва фавт аз коронавирус: 250 287 ҳолати сироят ва 13 950 фавт ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

 Дар ҷои дуюм минтақаи Ғарбии Уқёнуси Ором қарор дорад, ки ба он Чин, Ҷумҳурии Корея ва Япония дохил мешаванд. Дар онҷо то 26 март 99 058 нафари бемор ва 3540 тани фавтида сабт шудаанд.Мавқеи сеюмро Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ ишғол мекунанд, ки дар инҷо 75  712 нафар аз коронавирус сироят ёфта, 1065 нафар фавтидаанд.Дар як шабонарӯз се давлати нав ошкор гардидани ҳолатҳои коронавирусро эълон карданд.

Тибқи омори дар боло зикршуда, то соати 10:00 (вақти женевагии) 26 март дар ҷаҳон 462 684 ҳолати сирояти коронавирус ва 20 834 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Давоми  як шабонарӯз шумораи мубталоён то 49 ҳазор нафар зиёд гардида, шумораи фавтидагон 2 401 нафар афзоиш ёфтааст.

Дар навбати худ Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс ва  рӯзномаи “The New York Times” иттилоъ доданд, ки Иёлоти Муттаҳида аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад. Мувофиқи маълумоти донишгоҳ, ки бар асоси маълумоти мақомоти федералӣ ва маҳаллӣ ҳисоб мекунад, дар Иёлоти Муттаҳида 82 404 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

АКС аз  ANSA

Март 27, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон