Дар Британияи Кабир 36 гирифтори бемории коронавирус ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боз дар 13 бемори дигар дар Британияи Кабир мавҷудияти вируси COVID-19 тасдиқ гашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВВС.
Аз 12 нафари мубталошуда 3 нафари онҳо бо шахсе қаробати наздик доштаанд, ки қаблан бемориаш тасдиқ гашта буд, гуфт сардухтури Англия профессор Крисс Уитти.
Яке аз сироятёфтагон, ки дар графигарии Эссекс зиндагӣ мекард, вақтҳои охир ба хориҷа сафар надошт ва тавре табибон мегӯянд, бо беморони дигар низ дар иртибот набуд. Алҳол маълум нест, ки ин шахс чӣ гуна сироят ёфтааст.
Ҳашт нафари боқимонда онҳоеанд, ки 6 нафарашон ба наздикӣ аз Италия ва 2 нафари дигар аз Эрон баргаштаанд.
Рӯзи ҷумъаи гузашта, дар графигари Саррей як бемори нав бо омилҳои номаълуми паҳншавии сироят сабт гардид.
Баъдан нахустин ҳолати тасдиқшудаи коронавирус дар Шотландия маълум гардид. Беморе, ки ба наздикӣ аз Италия баргашт, дар бемористон ҷудо аз дигарон табобат меёбад.
Дар умум, айни ҳол дар Британияи Кабир 36 нафар гирифторони бемории коронавирус вуҷуд доранд.
Рӯзи якшанбе Вазорати корҳои хориҷии Британия аз сафоратхонаи Теҳрон бозхондани кормандони худро эълон намуд.
Коронавирус тадриҷан Аврупоро ҳам фаро мегирад: нахустин ҳолатҳои сироятёбӣ қаблан дар Австрия ва Хорватия, Норвегия, Руминия, Финландия, Нидерландия, Дания ва Эстония ба қайд гирифта шуда буданд. Ҳолатҳои нави сироятёбии коронавируси COVID-2019 дар Германия сабт шудаанд. Дар Аврупо ҳолати аз ҳама ташвишовар дар Италия мебошад, ки қурбониёни ин беморӣ аллакай 17 нафаранд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






