Дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ доир гардид

Март 19, 2020 14:40

ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба ҷашни байналмилии Наврӯз дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ бо доираи васеи паҳлавонони маъруфи тоҷик аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 500 нафар паҳлавонон миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин бора мухбири  АМИТ «Ховар», ки шоҳиди ин мусобиқа буд, хабар медиҳад.

Ба  иттилои номбурда, қувваозмоиҳо дар вазнҳои мухталиф сурат гирифта, паҳлавонони шинохта    ба даври ниҳоӣ роҳхат  ёфтанд. Ду паҳлавони ҷавони тоҷик- Азиз Рамазонов ва Саидмухтор Расулов, ки ҳарду қаҳрамони Тоҷикистон дар вазни 73 кг-и гӯштини дзюдо  мебошанд, назар ба дигар рақибони ҳамин вазн гӯштини хуб нишон дода, маҳорати паҳлавонии худро манзури тамошобинон гардониданд. Дар рақобати  миёни гаронвазнҳо ду паҳлавони шинохтаи тоҷик- Саидҷалол Саидов ва Фарёд Шайхов миёни ҳам  сабқат  карданд.

Сабқати  ин ду гӯштингири шинохта қариб 8 дақиқа давом ёфта, дар охир ғолибро муайян накард, аммо мухлисон шоҳиди гӯштини зебо гардиданд. Дар хотима ба   варзишгарони беҳтарин туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.

Барои тамошои мусобиқаи мазкур аз тамоми гӯшаву канори мамлакат мухлисону ҳаводорони ин навъи зебои варзиши аҷдодӣ ҷамъ омада буданд. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара роҳандозӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 21 март ба  ифтихори  таҷлили ҷашни ниёгонамон- Наврӯзи  хуҷастапай  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи пойтахт Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт — 2020»   баргузор мешавад. Дар он ширкати беҳтарин паҳлавонони  мамлакат аз вилоятҳои Суғду  Хатлон ва ВМБК дар назар аст.

Ғолибонро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро Шоҳҷоиза – мошини сабукрав  интизор аст.

Март 19, 2020 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад