Дар Душанбе мусобиқаҳои ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2020» баргузор мешаванд

Март 12, 2020 09:25

ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 март Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ  таҳти унвони «Гӯштингирӣ»  ва 22 март   пойгаи аспдавонӣ  барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт — 2020» баргузор карда мешаванд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузории  ҳарду мусобиқа  190 500  сомонӣ ҷудо гардида, онҳо дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир мешаванд.

Ҳамчунин аз 13 март то 17 апрел дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми пойтахт» баргузор карда мешавад. Бо ин мақсад   яксаду бисту ҳаштҳазору ҳашсад сомонӣ ҷудо гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт — 2020»  сурат мегиранд.

«Ҳадафи асосӣ аз роҳандозӣ намудани ин мусобиқаҳои варзишӣ  ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони  пойтахт  ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ — Наврӯзи Аҷам мебошад.

Рустами Эмомалӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарон, паҳлавонону аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси шаҳр ҳамчунин  Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо барои таъмини асбоби пахши садо ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқаҳои зикргардида  муваззаф кардааст.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба  Иди Наврӯз баргузор намудани  мусобиқаҳои гӯштингирӣ  ва пойгаи аспдавонӣ  дар пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар мусобиқаҳои пешини пойгаи аспдавонӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт сурат гирифтанд,  аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Ашт, Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор, Ховалинг ва Хуросон  ширкат намуда буданд.

Дар натиҷаи ин мусобиқаҳо бори дигар маълум гардид, ки  имрӯз зоти аспи тоҷикӣ яке аз  беҳтарин зоти аспҳо  маҳсуб мешаванд.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар китоби «Тоҷикон  дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» навиштаанд, имрӯз мардуми тоҷик қимати аспро хуб медонад ва ба нигоҳубину парвариш ва гирифтани наслҳои беҳтари он кӯшиш менамояд.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Тоҷикистон аслан 3 зоти асп: тоҷикӣ, лақайӣ ва қарабоҳирӣ парвариш меёбанд. Ҳамчунин барои беҳтар намудани сифати зоти аспи тоҷикӣ зоти  англисӣ низ парвариш карда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2009-2016» қабул гардид. Барои амалӣ намудани барномаи мазкур соли 2010 Корхонаи воҳиди давлатии «Асппарвар»  таъсис дода шуд. Инчунин барои барқарор намудани фаъолияти корхона  бинои аспхона сохта шуда, 1100 гектар замини корами шартан обӣ ва 1000 гектар замини чарогоҳ ҷудо карда шуд, ки ин барои рушди соҳаи асппарварӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

АКСҲО аз бойгонӣ

Март 12, 2020 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст

Маводҳои таҳлилӣ