Дар Россия шумораи сироятёфтагон аз коронавирус ба 63 нафар расид

Март 16, 2020 10:41

ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Шабонарӯзи гузашта нишонаҳои ташхиси сирояти коронавируси чор нафар сокинон дар Россия мусбат арзёбӣ гардиданд. Тавре АМИТ  «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ситоди фаврии мубориза бо паҳн гардидани бемории сироятии мазкур иттилоъ дод.

Се нафари навсироятшуда дар вилояти Москва ва як нафар дар вилояти Тюмен қарор доранд. Ҳамаи онҳо ҳафтаи охир ба Италия, Франсия, Испания ва Швейтсария сафар кардаанд. Ҳоло ин шаҳрвандон  дар беморхонаҳои сироятӣ бистарӣ гардида, таҳти муолиҷаи духтурон қарор доранд.

Ба ҳамин минвол шумораи умумии аз коронавируси COVID-19 сироятёфтагон дар Россия ба 63 нафар расида, аз онҳо 60 нафар русҳо, як нафар итолёвӣ ва ду нафар сокинони Чин мебошанд.

Пандемияи коронавирус

Ҳафтаи гузашта Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ авҷ гирифтани сирояти COVID-19-ро, ки аз Чин сарчашма гирифт, пандемия эълон намуд.

Тибқи иттилои охирин, шумораи умумии сироятёфтагон аз вируси мазкур дар зиёда аз 130 мамлакат ба 157 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин шумора 6 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, 75 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.  Дар қаламрави Аврупо оид ба паҳншавии ин вирус Италия мақоми аввалро касб менамояд. Дар онҷо зиёда аз 21 ҳазор нафар сироят ёфта, 1 ҳазору 441 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Март 16, 2020 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд