Дар Россия шумораи сироятёфтагон аз коронавирус ба 63 нафар расид
ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта нишонаҳои ташхиси сирояти коронавируси чор нафар сокинон дар Россия мусбат арзёбӣ гардиданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ситоди фаврии мубориза бо паҳн гардидани бемории сироятии мазкур иттилоъ дод.
Се нафари навсироятшуда дар вилояти Москва ва як нафар дар вилояти Тюмен қарор доранд. Ҳамаи онҳо ҳафтаи охир ба Италия, Франсия, Испания ва Швейтсария сафар кардаанд. Ҳоло ин шаҳрвандон дар беморхонаҳои сироятӣ бистарӣ гардида, таҳти муолиҷаи духтурон қарор доранд.
Ба ҳамин минвол шумораи умумии аз коронавируси COVID-19 сироятёфтагон дар Россия ба 63 нафар расида, аз онҳо 60 нафар русҳо, як нафар итолёвӣ ва ду нафар сокинони Чин мебошанд.
Пандемияи коронавирус
Ҳафтаи гузашта Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ авҷ гирифтани сирояти COVID-19-ро, ки аз Чин сарчашма гирифт, пандемия эълон намуд.
Тибқи иттилои охирин, шумораи умумии сироятёфтагон аз вируси мазкур дар зиёда аз 130 мамлакат ба 157 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин шумора 6 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, 75 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Дар қаламрави Аврупо оид ба паҳншавии ин вирус Италия мақоми аввалро касб менамояд. Дар онҷо зиёда аз 21 ҳазор нафар сироят ёфта, 1 ҳазору 441 нафар ба ҳалокат расидаанд.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






