Дар Суғд Озмуни «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» эълон гардид
ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» — таҳти чунин унвон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад. Ғолибони озмун бо диплом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 2500 сомонӣ, 2000 сомонӣ, 1000 сомонӣ ва 500 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилоят иттилоъ медиҳад.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур мусоидат ба рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, хусусан мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон, кӯҳҳои сарбафалаккашида, рӯду чашмаҳои мусаффо, олами набототу ҳайвонот ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Дар асоси низомномаи озмун хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод ва пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд. Ҳангоми таҳияи мақолаҳо меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ бояд риоя карда шуда, маводи пешниҳодшаванда нашр нагардида бошад.
Ҳамзамон ба хотири муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти армуғонии беҳтарин барои сайёҳон озмуни вилоятӣ гузаронида мешавад.
Дар озмуни мазкур иштирокчиён метавонанд маҳсулоти армуғонии худро барои ширкат дар озмун бо ишораи «Ба озмун» пешниҳод намоянд. Барои ғолибон ҷойҳои ифтихорӣ аз 3000 сомонӣ, 2500 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегарданд.
Муҳлати қабули мавод ба ин озмунҳо то 1 ноябри соли 2020 муқаррар гардидааст.








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд






