Дар Тоҷикистон дар ҳолати эълон гардидани карантин гурӯҳи волонтёрон байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳолати эълон гардидани карантин дар Тоҷикистон гурӯҳи волонтёрон ҷиҳати пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ таъсис дода мешавад. Масъалаи мазкур дирӯз, 26 март зимни ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва андешидани тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли он ба мамлакат баррасӣ шуд.
Дар ҷаласаи навбатии ситод, ки таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва бо иштироки муовинони вазир Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарон ва сардорони як зумра муассиса ва раёсатҳои тандурустӣ сурат гирифт, масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус ба мамлакат баррасӣ гардиданд.
Ба иттилои вазорат, зимни ҷаласа, аз ҷумла масъалаҳои бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани сирояти мазкур таъмини шуъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони тиб дар ҳолати эълон намудани карантин дар миқёси ҷумҳурӣ, саҳми табибони оилавӣ дар ин ҳолат ва дигар масъалаҳои вобаста ба он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
«Ҳамзамон Саида Умарзода супориш дод, ки дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ бояд гурӯҳи волонтёрон ҷиҳати пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ таъсис дода шавад», — омадааст дар иттилоия.
Барои таъсиси гурӯҳи волонтёрон ва сафарбар намудани онҳо барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ марказҳои тарзи ташаккули ҳаёти солим ва матбуоти вазорат муваззаф гардиданд.
Таъкид гардид, ки новобаста аз он ки то имрӯз дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо барои дар ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта бояд муассисаҳои тандурустӣ ҳамаҷониба ба он омода бошанд.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба ҷараёни корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, аз ҷумла захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ, муҳайё намудани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва дигар масъалаҳои марбута ба муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҳисобот доданд.
Пас аз шунидани ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ва андешидани тадбирҳои қатъӣ бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия 25 март аз ҷониби Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия «Роспотребнадзор» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои муайян намудани коронавирус 20 ҳазор тестҳои оҷилӣ ҷудо карда шуданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






