Дар Тоҷикистон онҳоеро, ки бо ӯзбекони аз коронавирус сироятёфта алоқа доштаанд, ҷустуҷӯ доранд

Март 20, 2020 11:51

ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шаш нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки шояд бо беморони гирифтори коронавирус муносибат доштаанд, аллакай ба карантин фаро гирифта, чаҳор нафари дигарро ҷустуҷӯ доранд, хабар медиҳад  мухбири АМИТ «Ховар».

Тавре Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 19 март дар ҷаласаи палатаи болоии Парлумони мамлакат изҳор намуд, 10 шаҳрванди Тоҷикистон 15 марти соли равон   бо ҳавопаймо аз Истанбул ба Тошканд парвоз кардаанд.

Тибқи гуфтаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,    дар тайёра  шаҳрванди Ӯзбекистон будааст, ки баъдтар дар ӯ  коронавирус ошкор гашт.

Прокурори генералӣ зикр намуд, ки шахсияти шаш нафар шаҳрванди дар ин ҳавопаймо буда аллакай муайян шуда, онҳоро  субҳи имрӯз аз дигарон ҷудо сохтанд.

«Чаҳор шаҳрванди  боқимондаи ҷумҳурӣ низ ҷустуҷӯ карда мешаванд»,-афзуд ӯ.

Март 20, 2020 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон