Дар ВКХ Тоҷикистон брифинг дар робита ба шарҳи талаботи ҷорӣ ҷиҳати пешгирии коронавируси нав баргузор гардид

Март 14, 2020 14:05

ДУШАНБЕ, 14.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 марти дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулони Вазорати корҳои хориҷӣВазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе дар робита ба шарҳи талаботи ҷорӣ ҷиҳати пешгирии коронавируси нав (COVID-19) брифинг баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суханронии худ Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода дар бораи чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии интишори коронавирус дар хоки кишвар ва талаботи беҳдоштию эпидемиологӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ маълумот дод.

Ҳамчунин Роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева дар бораи шуюи вируси мазкур дар ҷаҳон ва риояи талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои Созмони мазкур иттилоъ пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки шаҳрвандоне, ки  дар давоми 13 рӯзи ахир дар Чин,  Ҷумҳурии Корея, Италия, Эрон, Афғонистон ва Япония қарор доштанд ва ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дар поёни брифинг намояндагони корпуси дипломатӣ аз масъулони ниҳодҳои кишвар ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

                                                                                     АКС аз сомонаи ВКХ ҶТ

Март 14, 2020 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон