ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДУ ҲОЛАТИ ДИГАРИ СИРОЯТЁБӢ АЗ КОРОНАВИРУС ТАСДИҚ ГАРДИД. Шумораи беморон дар ин кишвар акнун ба 6 нафар расид
ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон сироятёбии ду нафари дигар аз коронавирус ошкор гардид. Ҳамин тариқ, шумораи беморони гирифтори коронавирус дар ин кишвар ба 6 нафар расид. Дар ин бора имрӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад.
Рӯзи якшанбе Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод, ки аз як нафар зан — шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Франсия баргаштааст, коронавирус ошкор гардид. Баъдан, вазорати тандурустӣ дар бораи ду ҳолати дигар — писару духтари зани сироятшуда ва инчунин марде, ки аз Истанбул ба Тошканд омадааст, хабар дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад, то 16 март дар ҷаҳон беш аз 170 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 6,5 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 77,7 ҳазор кас шифо ёфтанд ва беш аз 5,9 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ҳамчунин ба ҳолати то 16 март дар кишварҳои дигари ИДМ, аз ҷумла Россия — 63 ҳолат, Арманистон — 28, Беларус — 27, Озарбойҷон — 25, Молдова — 23 ва Қазоқистон — 9 ҳолати сироятёбӣ аз коронавируси нав тасдиқ шудааст.
То имрӯз, 8 нафар дар Россия ва 3 нафар дар Беларус аз беморхона ҷавоб шудаанд. Дар дигар кишварҳои ИДМ, ки дар онҳо ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст, беморон таҳти назорати табибон қарор доранд.
Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Имрӯз дар Афғонистон 5 ҳолати нави сироятёбӣ тасдиқ шуд ва ҳамин тавр, шумораи беморон дар ин кишвар ба 21 нафар расид.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,8 ҳазор), Италия (беш аз 24,7 ҳазор), Эрон (беш аз 13,9 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,2 ҳазор), Испания (беш аз 7,9 ҳазор), Германия (беш аз 5,8 ҳазор), Франсия (беш аз 5,4 ҳазор), ИМА (беш аз 3,7 ҳазор), Швейтсария (беш аз 2,2 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 1,3 ҳазор) дохил мешаванд.
ДАР АКС: Дар Ӯзбекистон нақлиёти ҷамъиятӣ ҳар 4 соат тамиз (дезинфексия) карда мешавад








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






