Дар Ӯзбекистон шурӯъ аз 30 март ҳаракати мошинҳоро бо мақсади анҷоми корҳои шахсӣ манъ карданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳрҳои Ӯзбекистон ҳаракат бо мошинҳои шахсӣ муваққатан манъ карда шудааст. Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавируси ин кишвар қарор қабул кард, ки аз 30 март то 20 апрел ҳаракати мошинҳо бо мақсади анҷоми корҳои шахсӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Нукус ва дигар шаҳрҳо- марказҳои вилоятҳои Ӯзбекистон боздошта шаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Казинформ».
Танҳо нақлиёти зерин — мошинҳои дипломатӣ, воситаҳои нақлиёте, ки хизматҳои коммуналӣ, кумаки тиббӣ, эпидемиологӣ мерасонанд, боркашонҳое, ки маҳсулоти кишоварзӣ интиқол медиҳанд, мошинҳои шахсие, ки дар ҳолати зарурати кумаки оҷили тиббӣ ба муассисаҳои тиббӣ меоянд ва аз онҷо мераванд (ҳомиладорӣ, захмҳои ҷисмоние, ки ба ҳаёт хатар доранд), мошинҳои роҳбарони маъмурияти шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин муовинони онҳо, мошинҳои тобуткашонӣ, мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, нақлиёти назораткунанда, нақлиёти муассисаҳои алоқа ва мошинҳои интиқоли ғизо, ҳамчунин мошинҳои бонкҳои тиҷоратӣ метавонанд бе иҷозати махсус дар шаҳр ҳаракат кунанд.
Хотирнишон месозем, ки аз 29 март додани иҷозатномаҳои махсус (стикерҳо ) барои мошинҳое, ки метавонанд дар давраи амал кардани маҳдудият ҳаракат намоянд, шурӯъ шудааст. Ҳаракати мошинҳо бо мақсади анҷоми корҳои шахсӣ қатъиян манъ аст.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






