Дар Ӯзбекистон шурӯъ аз 30 март ҳаракати мошинҳоро бо мақсади анҷоми корҳои шахсӣ манъ карданд

Март 30, 2020 10:27

ДУШАНБЕ, 30.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳрҳои Ӯзбекистон ҳаракат бо мошинҳои шахсӣ муваққатан манъ карда шудааст. Комиссияи  махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавируси ин кишвар  қарор қабул кард, ки  аз 30 март то 20 апрел ҳаракати мошинҳо бо мақсади анҷоми корҳои шахсӣ   дар шаҳрҳои Тошканд, Нукус ва дигар шаҳрҳо- марказҳои вилоятҳои  Ӯзбекистон боздошта шаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Казинформ».

Танҳо нақлиёти  зерин — мошинҳои дипломатӣ, воситаҳои нақлиёте, ки  хизматҳои  коммуналӣ, кумаки тиббӣ,  эпидемиологӣ мерасонанд, боркашонҳое,  ки маҳсулоти кишоварзӣ интиқол медиҳанд, мошинҳои  шахсие, ки дар ҳолати зарурати кумаки  оҷили тиббӣ ба муассисаҳои тиббӣ меоянд ва аз онҷо мераванд (ҳомиладорӣ, захмҳои ҷисмоние, ки ба ҳаёт  хатар доранд), мошинҳои роҳбарони маъмурияти шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин муовинони онҳо, мошинҳои тобуткашонӣ, мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, нақлиёти назораткунанда, нақлиёти муассисаҳои алоқа ва мошинҳои интиқоли ғизо, ҳамчунин мошинҳои бонкҳои тиҷоратӣ метавонанд бе иҷозати махсус дар шаҳр ҳаракат кунанд.

Хотирнишон месозем, ки  аз 29 март додани иҷозатномаҳои махсус (стикерҳо ) барои мошинҳое,  ки метавонанд дар давраи амал кардани маҳдудият ҳаракат намоянд, шурӯъ шудааст. Ҳаракати мошинҳо бо мақсади анҷоми корҳои  шахсӣ  қатъиян  манъ аст.

Март 30, 2020 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн