ФУТБОЛ: 5 апрел Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 5 апрели соли равон Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 бо иштироки даҳ даста оғоз мешавад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Се мавсими гузашта дар Лигаи олӣ ҳашт даста иштирок мекарданд. Дар мавсими имсола теъдоди дастаҳо ба даҳто расид. Ба ҳафт дастаи Лигаи олӣ — «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Хатлон» (Бохтар) се дастаи нав — «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Файзканд» (Восеъ) ва «Душанбе-83» (Душанбе) пайваcтанд.
Мусобиқаи мазкур миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар мавсими имсола дар се давра доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастаҳое, ки имсол дар Лигаи олӣ ҷойҳои нуҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 мушарраф мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки 5 апрел дар нахустин даври чемпионати Тоҷикистон се бозӣ доир шуда, дастаҳои «Локомотив-Помир» – «Файзканд», «Хатлон» – «Истаравшан» ва «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» бо ҳам рақобат мекунанд. Ду бозии дигар 8 апрел миёни дастаҳои футболи «Душанбе-83» – «Истиқлол» ва КМВА – «Хуҷанд» баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи соли гузашта бо пирӯзии дастаи футболи «Истиқлол» анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори ҳаштум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Дастаи «Хуҷанд», ки ҷойи дуюмро касб намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуда, ҷойи сеюму медалҳои биринҷӣ насиби дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» гардид.








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






