Хоруғ: дастаи Маркази тайёрии олимпии вилоят дар мусобиқаи баскетбол мақоми аввалро гирифт
ХОРУҒ, 06.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Қасри варзиши шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ибтикори Раёсати ҷавонон ва варзиш мусобиқаи вилоятӣ аз намуди баскетбол байни дастаҳои занона баргузор гардид. Ин мусобиқа, ки ба Рӯзи Модар бахшида шуд, бо пирӯзии дастаи Маркази тайёрии олимпии вилоят анҷом пазируфт. Ин дастаи мунтахаби баскетболбозони вилоят соли гузашта дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ низ мақоми аввал ба даст оварда буд.
Дар мусобиқа, ки як ҳафта давом кард, ҳашт даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат намуданд. Ба бозии ниҳоӣ баскетболбозони дастаи мактаби варзишӣ ва Маркази тайёрии олимпӣ роҳхат гирифтанд. Ҳарчанд ҳарду даста ба ин мусобиқа бо омодагии комил ҳозир шуда, аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон доданд, аммо азбаски бозингарони дастаи Маркази тайёрии олимпӣ чанд сол пай дар пай дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат доштанду таҷрибаи зиёд ҳосил кардаанд, дар ин бозӣ пирӯз шуданд.
Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки “аслан ин намуди бозӣ ба ҷуз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дар дигар ноҳияҳои вилоят чандон рушд накардааст. Аз ин рӯ ба масъулини бахшҳои ҷавонону варзиши ноҳияҳои вилоят зарур аст, ки таваҷҷуҳи духтарону занонро ба ин намуди варзиш бештар ҷалб намоянд. Ҳар қадар теъдоди бозингарон зиёдтар шавад, ҳамон қадар барои мураббиён ташкили дастаҳои мунтахаб осонтар мегардад.
Ҳамин тавр пас аз панҷ рӯз ин мусобиқа ба охир расид. Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят ҳамаи духтарону бонувонро бо Рӯзи Модар ва дастаи баскетболбозони Маркази тайёрии олимпиро бо пирӯзӣ табрик намуда, баён дошт, ки мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо, пеш аз ҳама, солимии ҷисм ва дуюм такмил додани маҳорату истеъдоди варзишгарон аст, то онҳо тавонанд дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ мақоми ифтихорӣ ишғол намоянд.
Дастаи занони баскетболбози Маркази тайёрии олимпӣ дар сархати ҷадвали мусобиқа ҷо гирифт. Ҳоло дастаи мазкур қаҳрамони Тоҷикистон аз намуди баскетбол ба шумор меравад.
Сармураббии даста Сарфароз Алимшоев гуфт, ки “мо дар назди худ вазифа гузоштаем, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ ширкат ва шарафи варзишии давлати худро ҳифз намоем”.
Ҷои дуюмро дастаи Мактаби варзишии шаҳри Хоруғ ва мақоми сеюмро дастаи литсеи Оғохон ишғол намуданд.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






