Имрӯз «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 бозӣ мекунанд

Март 11, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  нахустин даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020    дар гурӯҳи «D»  ду  даста  аз Тоҷикистон — «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо ҳам вориди  рақобат  мешаванд. Ин бозӣ соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе оғоз меёбад. Мавзӯи мазкурро  мухбири  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   шарҳ  медиҳад.

Дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд  дар гурӯҳи   «D»  бо   дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и   Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и  Туркманистон  ва  «Дордой»-и  Қирғизистон  рақобат хоҳад кард.  Тавре  қаблан хабар  додем, дастаи  футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии даври муқаддамотии  Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро   ба  муқобили  дастаи футболи  «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор намуд.

Вохӯрии дастаҳо  пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби  3:0 ба нафъи дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд  хотима ёфт. Кӯшишу талошҳои футболбозони «Хуҷанд» самар оварданду дар дақиқаи 34-ум бо кумаки Дилшод Бозоров ҳисоб боз шуд. Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи  футболи  «Нефтчӣ» хотима ёфта буд, ба вақти иловагӣ расид. Дар дақиқаҳои 107-ум ва 119-уми майдондорӣ боз Дилшод Бозоров ду голи дигар ба ҳадаф расонида, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020  ворид кард.

Ҷоми АFC-2020

Минтақаи Марказӣ

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – 3:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 33, 107, 117

«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Аҳмадов, 114), Алишер Баротов (Манучеҳр Сафаров, 83), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Комрони Мирзонаҷот, 77), Абдулмуъмин Забиров, Санҷар Рихсибоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Андрей Сидоров (Амирҷон Сафаров, 120), Дилшод Бозоров (к).

«Нефтчӣ» (Қочқор-Ота, Қирғизистон): Михаил Паюш, Азамат Абдуллоев, Арген Жуматаев (Хидиралиев, 99), Азамат Омуралиев, Элдар Молдожунусов, Усон уулу Эсенбек (Умаров, 57), Кайрат Изаков (Иминов, 115), Алмазбек Маликов (к), Манас Карипов, Александр Игнатенко, Амир Шарифӣ.

Огоҳӣ гирифтанд: Абдулмуъмин Забиров, Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»), Азамат Омуралиев, Кайрат Изаков, Александр Игнатенко («Нефтчӣ»).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).

Нозири доварон: Окада Масайоши (Ҷопон).

Комиссари бозӣ: Аҳмад Тиллоев (Узбекистон).

26 феврал. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.

Бозии аввал — 0:1.

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

11-уми март (чоршанбе) соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе..

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон).

Март 11, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд