«Истаравшан», «Кӯктош» ва «Душанбе-83» ба нимфинали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон роҳхат гирифтанд

Март 16, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон   хеле ҷолиб идома  дорад. Баъди натиҷагирии бозиҳо дар ҳарсе гурӯҳ дастаҳои футболи «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Душанбе-83» ва ССКА-и Душанбе ба даври нимниҳоӣ роҳ пайдо карданд. Мавзӯи мазкурро  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дастаи футболи «Кӯктош», ки дар гурӯҳи «А» дар ҳарcе бозӣ ба  дастаҳои «Душанбе-83» бо ҳисоби 1:0, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 ва «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Дастаи футболи   «Душанбе-83», ки ба  дастаҳои «Хатлон» ва «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омад, мақоми дуюмро аз они худ кард.

Дар гурӯҳи «Б» дастаи футболи  «Истаравшан», ки «Файзканд»-ро бо ҳисоби 2:0 ва ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби калони  10:0 мағлуб намуд, бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Дар гурӯҳи «В» дастаи  футболи ССКА, ки дар ҳарду бозӣ бар ҳайати эҳтиётии «Хуҷанд» бо ҳисоби 6:0 ва «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, бо 6 имтиёз ҷойи аввалро ишғол кард.

Ба ин тартиб, тибқи дастури Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон аз гурӯҳи «А» ду даста – «Кӯктош» ва Душанбе-83, аз гурӯҳҳои «Б» ва «В» якдастаӣ – «Истаравшан» ва ССКА — ба нимфинал роҳ пайдо карданд.

 Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«Душанбе-83» – «Кӯктош» – 0:1

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Даври 2-юм

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:0

Даври 3-юм

«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 0:1

«Хатлон» – «Кӯктош» – 2:5

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Кӯктош» 3 3 0 0 9-4 9
2 Душанбе-83» 3 2 0 1 2-1 6
3 «Хатлон»« 3 1 0 2 4-7 3
4 «Регар-ТадАЗ» 3 0 0 3 3-6 0

Гурӯҳи«Б»

Даври 1-ум

«Истиқлол» – «Истаравшан» – 0:10

Даври 2-юм

«Файзканд» – «Истиқлол» – 9:3

Даври 3-юм

«Истаравшан» – «Файзканд» – 2:0

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Истаравшан» 2 2 0 0 12-0 6
2 «Файзканд» 2 1 0 1 9-5 3
3 «Истиқлол» 2 0 0 2 3-19 0

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

«Хуҷанд» – ССКА – 0:6

Даври 2-юм

«Локомотив-Помир» – «Хуҷанд» – 1:0

Даври 3-юм

ССКА – «Локомотив-Помир» – 1:0

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 ССКА 2 2 0 0 7-0 6
2 «Локомотив-Помир» 2 1 0 1 1-1 3
3 «Хуҷанд» 2 0 0 2 0-7 0
Март 16, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд