Комиссияи Аврупо бадшавии ҳолати коронавирусро дар Аврупо пешгӯӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукуматдорони Иттиҳоди Аврупо хатари сирояти коронавирусро дар кишварҳои аъзои иттиҳод аз сатҳи миёна то дараҷаи баланд арзёбӣ кардаанд. Дар ин бора рӯзи душанбе зимни нишасти матбуотӣ дар Брюссел роҳбари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Имрӯз агентии мо эълон намуд, ки хавфи сироят аз сатҳи миёна то дараҷаи боло рафтааст» ,- гуфт ӯ.
Ба қавли раиси Комиссияи Аврупо, Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ намудани паҳншавии вирус дар тамоми сатҳҳо фаъолона чораҳои зарурӣ мебинад.
Вазъияти коронавирус дар Аврупо бадтар хоҳад гашт, Комиссияи Аврупо вокуниши ҳамоҳангнамуда омода месозад.
Комиссияи Аврупо дар мубориза алайҳи коронавирус беш аз 230 миллион евро ҷудо намудааст ва роҳҳои дигари ҷалби маблағҳои иловагӣ меҷӯяд.
Комиссияи Аврупо 2,1 ҳазор ҳолати сирояти коронавирусро дар 18 мамлакати Иттиҳоди Аврупо ба қайд гирифтааст, ки аз ин 54 нафар ҷон бохтаанд.
Иттиҳоди Аврупо рӯзи 6 март ҷаласаи изтирории вазирони тандурустиро барои баррасии муқовимат бо коронавирус барпо хоҳад намуд.








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






