КОРОНАВИРУС ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони ин беморӣ дар кишварҳои Иттиҳод ба 263 нафар расид

Март 17, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати субҳи 17 март шумораи гирифторони  коронавирус дар Россия ба 93 нафар, дар Арманистон ба 52, дар Беларус ба 36, дар Молдова ба 29, дар Қазоқистон ба 13 ва дар Ӯзбекистон ба 8 нафар расид. Дар Озарбойҷон ва Украина шумораи сироятёфтагон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 25 ва 7 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Қаблан шумораи гирифторони коронавирус дар Россия 63 нафар, дар Арманистон — 30, дар Беларус — 27, дар Молдова — 23, дар Қазоқистон — 9 ва дар Ӯзбекистон — 6 нафар буд.

То имрӯз, дар Россия 8 нафар, дар Озарбойҷон – 6 ва дар Арманистону Молдова 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб шуданд. Дар Озарбойҷон ва Украина як ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 21 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,8 ҳазор), Италия (беш аз 27,9  ҳазор), Эрон (беш аз 14,9 ҳазор), Испания (беш аз 9,9 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,3 ҳазор), Германия (беш аз 7,2 ҳазор), Франсия (беш аз 6,6 ҳазор), ИМА (беш аз 4,7 ҳазор), Швейтсария (беш аз 2,3 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 1,5 ҳазор) дохил мешаванд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 182 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 7,1 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 79,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,1 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Март 17, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон