КОРОНАВИРУС ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: Дар Ӯзбекистон ҳолати аз коронавирус сироят ёфтани як шаҳрванд муайян гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон нахустин ҳолати ба коронавирус гирифтор шудани як сокини ин давлат муайян карда шуд. Дар ин хусус хабаргузории «РИА Новости» бо истинод ба Агентии беҳдошти санитарӣ ва эпидемиологии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ додааст, менависад АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои ин ниҳод, 15 март дар озмоишгоҳи Институти вирусологияи Ӯзбекистон вируси COVID-19 зимни ташхис дар як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Франсия баргашта буд, муайян гардид. Мақомот доираи одамонеро, ки бо шахси сироятшуда тамос гирифтаанд, муайян карда, инчунин рӯйхати 48 мусофир ва нуҳ узви сарнишини ҳавопаймои Ӯзбекистонро, ки 11 март ҳангоми парвоз аз Париж ба Тошканд бо ӯ буданд, дар даст доранд. Айни замон макони зисти онҳо бо мақсади ташкили назорати тиббӣ аз ҷониби мақомоти марбута тафтиш карда мешавад.
Агентии беҳдошти санитарӣ ва эпидемиологии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин давлат тамоми тадбирҳои зарурии зиддиэпидемикӣ андешида мешаванд.
Дар байни мусофирони ҳавопаймои хатсайри Париж -Тошканд шаҳрвандони Россия набуданд, гуфт намояндаи идораи фаврии назди Девони вазирони Ӯзбекистон оид ба пешгирии воридшавии коронавирус ба Ӯзбекистон. Аз 14 март Ӯзбекистон парвози ҳавопаймоҳоро дар масири Франсия қатъ кард. Тибқи маълумоти охирин, дар ҷаҳон беш аз 156 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар онҳо зиёд аст, панҷ давлати Аврупо — Италия, Испания, Германия, Франсия ва Швейтсария дохил мегарданд.








САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»






