КОРОНАВИРУС ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: Дар Ӯзбекистон ҳолати аз коронавирус сироят ёфтани як шаҳрванд муайян гардид

Март 16, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 16.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон нахустин ҳолати ба  коронавирус гирифтор шудани як сокини ин давлат муайян карда шуд. Дар ин хусус хабаргузории «РИА Новости» бо  истинод ба Агентии беҳдошти санитарӣ ва эпидемиологии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон  иттилоъ додааст, менависад АМИТ «Ховар».

Тибқи иттилои ин ниҳод, 15 март дар озмоишгоҳи Институти вирусологияи Ӯзбекистон вируси   COVID-19  зимни ташхис дар як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Франсия баргашта буд, муайян гардид. Мақомот доираи одамонеро, ки бо шахси сироятшуда тамос гирифтаанд, муайян карда, инчунин рӯйхати 48 мусофир ва нуҳ узви сарнишини ҳавопаймои Ӯзбекистонро, ки 11 март ҳангоми парвоз аз Париж ба Тошканд бо ӯ буданд, дар даст доранд. Айни замон макони зисти онҳо бо мақсади ташкили назорати тиббӣ аз ҷониби мақомоти марбута тафтиш карда мешавад.

Агентии беҳдошти санитарӣ ва эпидемиологии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон  иттилоъ  медиҳад, ки дар ин  давлат тамоми тадбирҳои зарурии зиддиэпидемикӣ андешида мешаванд.

Дар байни мусофирони ҳавопаймои хатсайри Париж -Тошканд шаҳрвандони Россия набуданд, гуфт намояндаи идораи фаврии назди Девони вазирони Ӯзбекистон оид ба пешгирии воридшавии коронавирус ба Ӯзбекистон. Аз 14 март Ӯзбекистон парвози ҳавопаймоҳоро дар масири Франсия қатъ кард. Тибқи маълумоти охирин, дар ҷаҳон беш аз 156 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар онҳо зиёд аст, панҷ давлати Аврупо — Италия, Испания, Германия, Франсия ва Швейтсария дохил мегарданд.

Март 16, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн