Коронавирус метавонад ба бемории музмин табдил ёбад

Март 11, 2020 10:16

ДУШАНБЕ, 11.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Олимон чунин мепиндоранд, ки бемории коронавируси COVID-19  метавонад аз бемории ҷараёни фаъолдошта ба бемории музмин табдил  ёбад. Ин фарзия ба сироятҳои  дубора, ки чанд моҳи охир дар Чин  ба қайд гирифта шуда буданд, асос ёфтааст, менависад рӯзномаи «Известия». 

Вирус  метавонад  дар ҳолати хоб, ба таври  зоҳирнашаванда  боқӣ  бимонад, зеро масунияти одам онро  таҳти назорати пурра нагирифтааст. Боз як тахмини табибони рус он аст, ки микроорганизмҳои  нави вирус ончунон босуръат тағйир меёбанд, ки одамон дар вақташ ба он масуният пайдо карда наметавонанд, аз ин рӯ онҳо дубора бемор мешаванд.

Ҳамчунин ҳолатҳои сирояти дубора метавонанд ба хатои системаҳои санҷишӣ  алоқаманд бошанд, зери онҳо низ зиёд иштибоҳ мекунанд.

Тавре роҳбари озмоишгоҳ оид ба генетикаи  Институти физикӣ – техникии  Москва  Павел Волчков  шарҳ дод,  одатан ҳангоми табобат  масунияти одам тамоми ҳуҷайраҳои сироятшударо нобуд месозад. Аломатҳои такрорӣ нишон медиҳанд, ки вирус ҳанӯз ҳам дар организми инсон вуҷуд дорад.

«Яке аз роҳхои шарҳи дубораи сироят ин аст: беморон гузариши марҳилаи шадид ба музминро аз сар мегузаронанд, ки он вақт миқдори  зарраҳои вирусӣ  метавонанд дар бадан тағйир ёбанд. Вирус метавонад дубора баргардад, чунки масунияти инсон дар лаҳзаи шадиди беморӣ онро зери назорати пурра гирифта наметавонад ва аксари узвҳо сироят меёбанд», -гуфт мутахассис.

Аммо,  ин маънои онро надорад, ки одамони боре сироятшуда  ва шифоёфта ҳатман дубора бемор шаванд.

Эҳтимол дар ин ҳолат беморӣ аз худ дарак намедиҳад ва бе нишона давом меёбад, гуфт Мария Орлова, муҳаққиқи калони Пажӯҳишгоҳи химиявӣ-биологӣ дар Тюмен дар суҳбат бо рӯзномаи «Известия»

Ба қавли ӯ, ҳолатҳои такрории сироят метавонанд аз он вобаста бошанд,  ки масунияти одам наметавонад  муддати тӯлонӣ муқовимат намояд. Ин ҳамчунин метавонад  шаҳодати  тағйирёбии босуръати вирус  бошад.

АКС «Известия»

 

Март 11, 2020 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон