Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе занону духтарони ронандаро ба Озмуни «Авто-Бону-2020» даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 марти соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни «Авто-Бону-2020» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун 7 март, соати 10:00, дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С. Айнии пойтахт доир мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ, макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» сурат гирифта, баъдан қатораи автомобилҳои иштирокчиёни озмун бо роҳбаладии автомобилҳои патрулии Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мотосиклронҳои Клуби ҷумҳуриявии Ҷамъияти мададгори мудофиа ҳаракатро тавассути кӯчаю хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ, С.Айнӣ то пойгоҳи автомобилронии ба номи А. Турсунов ба роҳ мемонанд.
Озмуни мазкур 5 даврро дар бар гирифта, даври аввал «Варақаи боздид» — «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил), даври дуюм мусобиқаи «Донандагони Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», сеюм рондани автомобил дар Автодром, чорум «Шарҳи қисмҳои автомобил» ва ниҳоят даври панҷум аз «Намоиши ҳунарҳои мардумӣ» иборат мебошад.
Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.
Ин озмун бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда, такмили шаклу усулҳои кор оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бехатар идора намудани воситаҳои нақлиёт роҳандозӣ гардидааст.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин 93-508-70-72, 236-07-58 муроҷиат намоянд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






