МАЙДОН АЗ ДАЛЕР АСТ! Шоҳҷоизаи «Ҷоми пойтахт-2020» насиби Темур Раҳимов шуд

Март 22, 2020 14:16

ДУШАНБЕ, 22.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар иттилоъ додем, рӯзҳои 20-21 март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе  ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2020» баргузор шуд.  Дар мусобиқа, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид, 209 нафар паҳлавонони ҷумҳурӣ дар ҳайати 8 даста иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. 

Рӯзи аввал қувваозмоиҳои даврҳои муқаддамотӣ дар 8 категорияи вазнӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври финалӣ, ки рӯзи дуюм доир шуд, роҳхат гирифтанд.

Ба финали вазни -60кг ду бародар – Муҳаммадризо ва Муҳаммадсолеҳ Қувватовҳо роҳ ёфтанд ва медали тиллоро Муҳаммадсолеҳ ба Муҳаммадризо туҳфа кард. Ҷои сеюмро дар ин вазн Муслимбек Каримов пас аз пирӯзӣ бар Ҷомии Ҳасан ишғол намуд.

Дар вазни -65кг Ёқубҷон Боқиев нисбат ба ҳарифон пурзӯр буд. Ӯ дар финал бар Идибек Сафаров ғолиб омад. Медали биринҷӣ насиби Баҳром Суфиев гардид, ки дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Хайрандеш Муродзодаро мағлуб намуд.

Субҳиддин Халилзода пас аз пирӯзӣ бар Муҳаммадисо Раҷабов медали тиллои вазни -70кг-ро сазовор шуд. Медали биринҷӣ насиби Шаҳзод Воҳидов гашт, ки барои ҷои сеюм бар Муҳаммадиқбол Тошев пирӯз шуд.

Дар даври финалии вазни -75кг паҳлавонони шинохта гуштин гирифтанд. Деваштич Убайдӣ пас аз пирӯзӣ бар Мубориз Мунавваров ҷои аввалро ишғол кард. Медали биринҷиро Қандил Саидов ба даст овард.

Қувваозмоиҳои вазни -80кг низ ҷолиб сурат гирифта, дар даври ниҳоӣ Раҳматулло Фарҳодов нисбат ба Саидмухтор Расулов бартарӣ нишон дод. Медали биринҷии ин вазн насиби Оламафрӯз Абдураҳмонов гардид, ки дар  қувваозмоӣ бо  Ҳайдар Сайкабирзода дастболо шуд.

Медали тиллои вазни -90кг-ро Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиб шуд. Ӯ дар финал Зафар Олимшоевро шикаст дод. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Комрон Карликов бар Балаҷон Бегов ғолиб  омад.

Дар вазни -100кг бахти Шамшод Абдуллоев омад кард. Ӯ дар финал Саидҷалол Саидовро мағлуб  сохт. Медали биринҷиро Фирдавс Насимов пас аз ғалаба бар Хуршед Маҷидов  ба даст овард. Дар вазни +100кг Темур Раҳимов пас аз пирӯзӣ бар Шакармамад Мирмамадов медали тиллоро ба гардан овехт. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Суҳроб Муҳаммадиев Фарҳод Шайховро мағлуб кард.

Ғолибону ҷоизадорон бо медалҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҷоизаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз шуданд.

Сипас, бо иштироки варзишгарони вазнашон аз 80 кг боло қувваозмоӣ барои дарёфти шоҳҷоиза – автомобил – сурат гирифт. Паҳлавонони шинохта Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов дар финал бори дигар рӯ ба рӯ шуданд ва ин бор низ Темур Раҳимов бартарӣ нишон дода, шоҳҷоиза ва Ҷоми пойтахтро ба даст овард. Ҷои сеюм насиби Саидҷалол Саидов шуд.

Март 22, 2020 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад