«Майдони 800-солагии Москва» яке аз базмгоҳҳои наврӯзӣ дар Душанбе гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат -шаҳри Душанбе Иди байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯз аз субҳи барвақт корвонҳои наврӯзӣ таҳти садои карнаю сурнай бо арӯси наврӯзӣ дар чор ноҳияи пойтахт ба сокинон пайки хуши фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро дода, ба боғу майдонҳои фарҳангиву фароғатӣ, ки чорабиниҳои идона онҷо идома меёбанд, раҳсипор гардиданд.
Тавре мухбири АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, яке аз корвонҳои наврӯзӣ дар «Майдони 800-солагии Москва» таваққуф намуда, ба сокинону меҳмонони ноҳияи Шоҳмансур аз омадани Наврӯзи дилафрӯз мужда расонид. Дар барномаи идонаи ноҳияи мазкур кормандони касбҳои гуногун, сокинони ноҳия хусусан бонувону гулддухтарон дар гӯшаҳои махсус хони наврӯзӣ ороста, зери садои чангу чағона сурудхонон мерақсиданд, мутрибону овозхонҳои хушсалиқа дар васфи баҳору Наврӯз тарона месароиданд, ҳунармандон дастранҷи худро ба намоиш гузошта буданд.
Раиси ноҳия Шоҳмансур Билол Иброҳим тамоми сокинонро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, аз ҷумла гуфт:
«Мояи хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки ҷашни деринаи ниёгони мо- Наврӯзи фархундапай фаро расиду дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида истодааст. Наврӯз чун рамзи сулҳу оромӣ, пиндор, гуфтору кирдори нек моро ба сӯи рӯзгори осуда, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии оромона раҳнамоӣ мекунад».




















РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд






