«Майдони 800-солагии Москва» яке аз базмгоҳҳои наврӯзӣ дар Душанбе гардид

Март 21, 2020 11:57

ДУШАНБЕ, 21.03.2020/АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар пойтахти мамлакат  -шаҳри Душанбе Иди байналмилалии  Наврӯзро  бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯз аз субҳи барвақт корвонҳои наврӯзӣ таҳти садои карнаю сурнай бо арӯси наврӯзӣ дар чор ноҳияи пойтахт ба  сокинон пайки хуши  фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро дода, ба боғу майдонҳои фарҳангиву фароғатӣ, ки чорабиниҳои идона онҷо идома меёбанд, раҳсипор гардиданд.

Тавре мухбири АМИТ “Ховар” хабар медиҳад,  яке аз корвонҳои наврӯзӣ дар «Майдони 800-солагии Москва» таваққуф намуда, ба сокинону меҳмонони ноҳияи Шоҳмансур аз омадани Наврӯзи дилафрӯз мужда расонид. Дар барномаи идонаи ноҳияи мазкур кормандони касбҳои гуногун, сокинони ноҳия хусусан бонувону гулддухтарон дар гӯшаҳои махсус хони наврӯзӣ ороста, зери садои чангу чағона сурудхонон мерақсиданд, мутрибону овозхонҳои хушсалиқа дар васфи баҳору Наврӯз тарона месароиданд, ҳунармандон дастранҷи худро ба намоиш гузошта буданд.

Раиси ноҳия Шоҳмансур Билол Иброҳим тамоми сокинонро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, аз ҷумла гуфт:

«Мояи хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки ҷашни деринаи ниёгони мо- Наврӯзи фархундапай  фаро расиду дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида истодааст. Наврӯз чун рамзи сулҳу оромӣ, пиндор, гуфтору кирдори нек моро ба сӯи рӯзгори осуда, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии оромона раҳнамоӣ мекунад».

 

Март 21, 2020 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд