5 ҳазору 460 нафар шаҳрвандони аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон воридгардида ба карантин фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 26.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 феврал то 25 марти соли равон 5 ҳазору 460 нафар шаҳрвандони аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон воридгардида дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то санаи зикргардида 2002 нафар ба хонаҳояшон рухсат шуда, айни ҳол 3 ҳазору 458 дигар зери назорати карантинӣ қарор доранд. Аз миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда, 107 нафарро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Ин иттилоъ 25 март зимни ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат дода шуд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зикр намуд, ки масъалаи пешгирӣ аз интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли коронавирус (COVID- 19) дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шудааст, ки Роҳбарии ситод ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вогузор шудааст.
«Ҳамзамон, дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллӣ барои пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис дода шудааст. Инчунин ҳамарӯза дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷалсаи ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ду маротиба доир шуда, дар он масъалаҳои марбут ба сирояти коронавирус, аз ҷумла андешидани чораҳои пешгирикунандаи он мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд»,- афзуд Саида Умарзода.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, аз ҷумла захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ, муҳайё намудани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва дигар масъалаҳои марбута ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҳисобот доданд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, чораҳои пешгирикунандаи он дар ҷумҳурӣ рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






