Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода: «Корхонаҳои дӯзандагӣ дар як шабонарӯз аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мекунанд»

Март 16, 2020 10:27

ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар якчанд корхонаҳои дӯзандагии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноҳид», ҶДММ «Сифат саноат», ҶДММ «Фарм Текс», ҶДММ «Нассоҷӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Нури Ховар» ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ машғул буда, дар як шабонарӯз  аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мекунанд. Дар ин бора муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар мавриди истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ Мирҳамуддин Камолзода иброз дошт, ки  ниқобҳои тиббӣ ҷой ва техникаи пӯшидан доранд. Пӯшдани он танҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: дохили биноҳои серодам ва  нақлиёти ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад. Инчунин гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (зуком) метавонанд аз ниқобҳо истифода баранд, зеро онҳо тавассути сулфа, атса ва гапзанӣ вирус ва дигар барангезандаҳоро ба муҳити атроф паҳн менамоянд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зикр намудааст, ки ниқобҳои тиббӣ  аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам  менамоянд. Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз намудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда аз вируси КОВИД-19 риоя карда шаванд.

Ба тавсияи мутахассисон, барои пешгирӣ аз коронавирус бояд ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, ба  пардаҳои луобӣ: бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати гирифторшавӣ ба вируси нав ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқол наёфтани сирояти мазкур ба мамлакат пурзӯр карда мешаванд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 1 феврал то 14 марти соли равон 1603 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба  карантин фаро гирифта шудаанд. Айни замон 323  нафар дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  зери назорати карантинӣ мебошанд.

АКС:лаҳзаи корӣ дар  ҶДММ «Фарм Текс». Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар».

Март 16, 2020 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид