Муроҷиати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Россия

Март 17, 2020 11:35

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба иллати ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19) Ҳукумати Россия қарор қабул кардааст, ки шурӯъ аз 18 марти соли 2020 маҳдудияти вуруд ба давлаташро ҷорӣ намояд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Дар ин робита, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат аз сафар ба Россия дар айни замон худдорӣ намоянд.

Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбат ба ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки бо роҳи транзитӣ аз гузаргоҳҳои фурудгоҳҳо мегузаранд ва ба Россия ба муносибати вафоти хеши наздик меоянд, татбиқ намегардад.

Хотиррасон мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мо муроҷиат кунанд:

Сафорати Тоҷикистон дар Москва:

тел:+7 (495) 690-41-86

tajembmoscow@mfa.tj

Консулгарии генералӣ дар Санкт-Петербург:

тел: +7(812) 490-47-46

tajgencons.piter@mfa.tj

Консулгарии генералӣ дар Уфа:

тел: +7 (347) 276-52-96

tajconsufa@mfa.tj

Консулгарии генералӣ дар Екатеринбург:

тел: (+343) 370-23-60

tajconsek@mfa.tj

Консулгарии генералӣ дар Новосибирск:

тел: +7 3833495970

tajgencons.nsk@mfa.tj

Март 17, 2020 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон