МУШКИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ. Дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илму маориф дар арафаи ҷашни Наврӯз

Март 28, 2020 11:54

ДУШАНБЕ, 28.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. На танҳо китобҳои забон ва адабиёти тоҷик, балки забони китобҳо аз дигар фанҳои таълимӣ низ таҳрирталабанд. Баъзе китобҳои фанҳои дақиқ ва ҷамъиятӣ аз русӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ шудаанд, ки табиати фикри тоҷикӣ надоранд. Дарк кардани маънии матн дар чунин китобҳо хеле душвор аст. Ин ва дигар андешаю пешниҳодҳои директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Боймурод ШАРИФЗОДА-ро дар зер манзури хонандагон мегардонем.

Дар мулоқоти навбатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъ ва дурнамои рушди илму маориф, беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ, ҳамчунин дастоварду муваффақият ва камбудиву норасоиҳо таваҷҷуҳ намуда, ҳамаи онро мавриди таҳлил қарор доданд. Неру ва талошҳои бунёдкориву созандагии Президенти ҷумҳурӣ, тарғиби арзишҳои бузурги давлатдории миллии тоҷикон, таваҷҷуҳ ба тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва омӯзиши амиқи илму техникаи муосир бори дигар аҳли зиёю донишмандонро масъул мегардонад, ки бетараф набуда, саҳми худро дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамон гузоранд.

Яке аз нуктаҳои муҳими дар ин мулоқот арзшуда таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба вазъи китобҳои дарсӣ буд. Дар ин ҷода Президенти мамлакат масъулони соҳа, аз ҷумла Вазорати маориф ва илму дигар зертобеони онро вазифадор карда, гуфтанд, ки «Академияи таҳсилот ба масъалаи дурнамои рушди маориф бояд диққати аввалин дараҷа дода, доир ба мақоми мактаби муосир, сатҳу сифати китобҳои дарсӣ, ворид кардани ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзиву дақиқ ва ташаккули зеҳнияти хонандагону донишҷӯён пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд».  Ва дар идома афзуданд, ки аз мутолиаи китобҳои дарсӣ баъзан чунин хулоса мешавад, ки гӯё онҳо барои мадрасаҳои динӣ навишта шуда  бошанд.

Аз тобиши маъноии эроди Пешвои миллат метавон дақиқ сохт, ки сухан дар бораи китобҳои дарсии адабиёт меравад.

Дар бораи китобҳои дарсии адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёна то кунун муҳаққиқон зиёд навиштаву гуфтаанд. Бахусус, «Барномаи таълимии адабиёти тоҷик дар синфҳои 5-11», ки соли 2007 профессорони ДМТ Х.Шарифов (рӯҳашон шод бод!) ва У.Тоиров тартиб дода, Мушовараи Вазорати маориф ва илм онро ба чоп тавсия карда буд, ки то кунуни мавриди амал аст. Перомуни ин барнома дар мақолаи Н. Саидов, Ш. Исрофилниё ва Б. Шарифов «Зарурати таҷдиди назар ба барномаи таълими адабиёт барои синфҳои 5-11» (Омӯзгор, 14.06.2013) батафсил сухан рафтааст. Дар ин миён вазири ҳамонвақтаи  маориф ва илм Нуриддин Саид масъалаи стандартҳои фанниро ба миён гузошт. Барои навиштани стандарт ва барномаи адабиёти тоҷик дар ҳайати академик А. Раҳмонзода (раис), М. Солеҳов, А. Кӯчаров, А. Муҳаммадаминов, Р. Ваҳҳобниё, Ш. Исрофилниё, Б. Шарифов, М. Зайниддинов, Қ. Нурқаев,  ва М. Нарзиқул (аъзо) гурӯҳи корӣ ташкил ёфт ва  ҳам стандартҳои фаннӣ ва ҳам барномаи таълими адабиёт дар синфҳои 5-11 бо диди тоза омода гардида, ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод гардид. Мутаассифона, бо сабабҳои номаълум ин стандарту барномаҳо то кунун мавриди амал қарор нагирифтанд.

Моҳи феврали соли равон бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҳлили китобҳои дарсии макотиби ҳамагонӣ” семинари илмӣ доир шуд. Дар семинар профессор Ш.Исрофилниё ва камина оид ба арзиши китобҳои дарсӣ мулоҳизаҳоямонро баён намудем, ки ҳозирин хуб пазируфтанд. Ҳамчунин бо амри Президенти АМИ  ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ҳамаи китобҳои дарсии забону адабиёти мактабҳои миёна ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ирсол гардид, то муҳаққиқон перомуни ҳусну қубҳи онҳо андешаҳояшонро баён созанд. Олимони Институти забон ва адабиёт ҳамаи китобҳоро хонда, оид ба ҳусну қубҳи онҳо андешаҳояшонро ба таври хаттӣ баён карданд.

Албатта, дар ин мухтасар мо имкони баршумурдани ҳамаи норасоиҳои китобҳои дарсиро надорем. Аммо мавриди зикр аст, ки китоби дарсии фанни адабиёт бояд ҷанбаи қавии худшиносӣ дошта бошад. Он инсонро на ба рӯҳафтодагию гӯшанишинӣ, балки ба созандагию бедорӣ даъват кунад. Дар мақолаю гузоришҳои камина ва Ш.Исрофилниё борҳо ба ин паҳлӯи масъала ишора рафтааст.

Дар китобҳои дарсии мавҷуда матнҳои адабие аз осори сӯфиёну адибоне, монанди Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Саъдуддини Варовинӣ, Шайх Аттор, Фахруддини Розӣ, Аблфазли Майбадӣ интихоб шудаанд, ки ба синну соли хонандагон мувофиқат намекунанд. Пандҳои интихобшуда аз асарҳои Абдуллоҳи Ансорӣ, ҳикояти «Каҷрав мабош», аксари ҳикоятҳои аз «Сиёсатнома»-и Низомулмулк овардашуда, монанди «Ҷавоби Умари Хаттоб ба Яздигурд», «Умар ва пирзан», «Бозаргон ва Султон Маҳмуд» на аз назари синну сол ва на аз лиҳози ифтихори миллӣ барои синфи 5 созгор нестанд. Гӯё ин барнома ва китоби дарсӣ барои мадрасаи динӣ пешниҳод шудааст, ки дар пандҳо ҳама накуҳиши дунёву дар ҳикоятҳо тарғиби адли халифа Умари арабу Султон Маҳмуди турк бештар ба назар мерасад. Албатта, дар ин китоби дарсӣ ду ҳикоят аз рӯзгори Анӯшервон ва як ҳикоят аз зиндагии Исмоили Сомонӣ оварда шудаанд, ки шояд аз лиҳози ифтихори миллӣ созгор бошанд, аммо бо назардошти синни хонандагони синфи 5 ба сатҳи тафаккури онҳо мувофиқ намеоянд, зеро забони душвору мушкилфаҳм  доранд. Ашъори интихобшуда аз осори  Аҳмад Ҷомӣ ва дар бораи ӯ низ комилан барои хонандаи мактаб созгор нест. Аз осори ин  орифи шоир ду ғазал: яке дар накӯҳиши дунё бо унвони «Ҳеҷ нест» ва дигаре комилан ирфонӣ бо номи «Мумтоз шуд» интихоб шуда, ки мазмуни динию ирфонӣ доранд, ки аз дарки онҳо на танҳо хонандагон, балки омӯзгорон оҷизанд. Абёти дар ситоиши ин орифи номӣ эҷодшуда низ, ки мазмуни динӣ доранд, ҳеч арзиши эстетикӣ надоранд. Масалан, дубайтии зер:

Худо мегӯяму Шайх Аҳмади Ҷом,
Ба пайи (?) равзаи ӯ медиҳам ҷон.
Ки Шайх Аҳмад дуто гулдаста дора,
Ба кафгоҳаш(?) дарахти писта дора.

Ҳадафи асосии таълими адабиёт  парвариши завқи солими адабӣ дар хонанда, ташаккули одоби ҳамида, маҳорати сухангӯйӣ ва шиносоӣ бо бузургтарин намояндагони адабиёти гузаштаву имрӯз аст. Аз ин рӯ, аввалин коре, ки бояд анҷом диҳем, он аст, ки миқдори адибонеро, ки шоистаи ҷой додан дар барномаи таълим мебошанд, ба маротиб коҳиш диҳем ва шеваи таълимро дигар кунем. Ба андешаи мо, беҳтар аст, ки таълими адабиёт дар синфҳо ба тариқи зайл ба роҳ монда шавад:

  1. Синфҳои 5-7 –таълими адабиёти шифоҳӣ, афсонаҳо, таронаҳо, латифаҳо, зарбулмасалу мақолҳо, нақлу ривоятҳо, дубайтиву рубоиёт. Таълими мавзӯии адабиёт: Ватан ва ватандӯстӣ, тараннуми дӯстӣ ва бародарӣ, эҳтироми падару модар ва бузургсолон, ҳифзи Ватан, илму дониш, ҳунар ва ҳунармандӣ, парастиши забон, муқаддасоти миллӣ, ростӣ ва росткорӣ, меҳнат ва меҳнатдӯстӣ, хушбахтӣ ва омилҳои он, ишқи пок, ёрӣ ба ниёзмандон, бузургии  инсон, ҳаёти солим, бунёдкорӣ ва ободонӣ. Мазаммати дурӯғ ва дурӯғгӯйӣ, мастӣ ва шароб, бухлу ҳасад, душманӣ, ғайбат, риёкорӣ ва ғайра. Барои ҳар як мавзӯъ аз адабиёти шифоҳӣ ва бузургтарин намояндагони адабиёт — ҳам гузашта ва ҳам муосир намунаҳо оварда шуда, ҷиҳатҳои гуногуни ҳар мавзӯъ шарҳ дода мешаванд. Ҳадафи асосии таълим дар ин синфҳо ба бачагон ёд додани суханварӣ, суҳбати озод дар мавзӯи дилхоҳ, изҳори андеша ва ақидаи шахсӣ, ҳамчунин ташаккули одоби ҳамида, ҳисси ҳақиқии ватандӯстӣ ва шахсияти комили ҷомеа аст. Ҳикоятҳо аз осори бузургони гузашта дар мавридҳои зарурӣ муфассал шарҳу тавзеҳ ёфта, ё худ ба забони навиштори  муосир мутобиқ гардонида мешаванд.
  2. Аз синфи 8 метавон омӯзиши адабиётро ба таври гоҳшуморӣ ба роҳ монд, яъне аз адабиёти бостони форсу тоҷик оғоз кард. Дар омӯзиши адабиёти асрҳои миёна бояд соати бештар барои адабиёти классикӣ ихтисос дода шавад. Дар интихоби саромадони адабиёт низ бояд  чеҳраҳои маъруф ва ашъори зубдаи онҳо интихоб шаванд. Масалан, вақте «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омӯхта мешавад, дигар ниёзе ба омӯхтани «Гаршоспнома»-ву «Искандарнома»-ҳо намемонад. Ва ё аз адабиёти ирфонӣ метавон танҳо осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро интихоб кард, зеро осори ин бузургмард ҷавобгӯи  кулли адабиёти ирфонист ва метавонад ба ҳайси мифтоҳ барои дарки адабиёт хидмат кунад.
  3. Дар интихоби адибони замони шӯравӣ низ бояд ҳунари суханварӣ ва хидмати эшон ба миллат ба мадди аввал гузошта шавад. Аз баъзе осори суханварони ин аҳд, ки дархури замон нестанд, бояд сарфи назар кард. Гузориши тарҷумаи ҳоли адибони муосир, ки дар қайди ҳаётанд, мувофиқи мақсад нест. Хуб мебуд, ки дар синфи Х1 баъд аз  чеҳраҳои маъруфи адабиёти садаи гузашта, чун устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав, Турсунзода, Улуғзода омӯзиши адабиёти замони Истиқлол чунин ба роҳ монда шавад: Таҳаввули шеър дар замони Истиқлол, рушди наср дар замони Истиқлол, адабиёти кӯдак дар замони Истиқлол, драматургия дар замони Истиқлол ва ғайра. Ҳангоми шарҳи ин мавзӯъҳо бояд беҳтарин намунаи ашъору осори адибони ин давра, ки устодона эҷод шуда, хонандаро дар рӯҳияи худшиносиву ватанпарастӣ, арҷ ниҳодан ба арзишҳои миллӣ, ахлоқи ҳамида ва монанди инҳо тарбият мекунанд, интихоб карда шаванд. Дар интихоби эҷодиёти адибони замони муосир бояд ҳунар дар мадди аввал бошад, на синну солу ҷоизаҳову унвонҳо.
  4. Дар синфҳои 8-11 хонандагон бо марҳилаҳои асосии рушди адабиёт, намояндагони бузурги ин давра ва осори онҳо ба таври пурраву мукаммал шинос мешаванд. Дар ин синфҳо асарҳои барҷастатарин адибони гузаштаву муосир  мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Ҳамчунин дар ин чаҳор сол хонандагон бо муҳимтарин навъҳои адабӣ ва санъатҳои бадеӣ шиносоӣ пайдо мекунанд. Синну сол ва сатҳи дониши онҳо имкон медиҳад, ки хусусиятҳои забони адабиёти гузашта ва асрори суханро дарк кунанд. Дар ин давра ҳамчунин маҳорати эҷодӣ, навиштани иншо, аз ҷумла, дар мавзӯи озод, ҳусни баён, тозагии забон ва маҳорати суханварӣ низ аз мавзӯъҳои таълимии адабиёт хоҳанд буд. Чунин тарзи таълим, ба андешаи мо, имкон медиҳад, ки хонандагон давраи пурраи адабиёти тоҷикиро омӯзанд.
  5. Аз он сабаб, ки Вазорати маориф ва илм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ методикаи тозаи тадрис «муносибати босалоҳият дар таълим»-ро ҷорӣ намудааст, бояд барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ вобаста ба талаботи он таҳия ва навишта шаванд.

На танҳо китобҳои забон ва адабиёти тоҷик, балки забони китобҳо аз дигар фанҳои таълимӣ низ таҳрирталабанд. Баъзе китобҳои фанҳои дақиқ ва ҷамъиятӣ аз русӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ шудаанд, ки табиати фикри тоҷикӣ надоранд. Дарк кардани маънии матн дар чунин китобҳо хеле душвор аст.

Мо пешниҳод менамоем, ки барномаҳои таълимӣ ва стандартҳоро Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф қабл аз ба истифода додан ба муҳокимаи умум гузоранд. Фикру андешаҳои кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шоирону нависандагон ва омӯзгорони мактабҳои миёна низ ба инобат гирифта шаванд.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Боймурод Шарифзода,  адабиётшинос, номзади илми филология (1995), дотсент (1997),  2 декабри соли 1964 дар деҳаи  Элоки ноҳияи Файзобод,  дар оилаи коргар   ба дунё омадааст.

Соли 1989 факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистогн)-ро ба итмом расонида,  солҳои 1989—1990 ба сифати лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1991—1994 ба ҳайси таҷрибаомӯз — муҳаққиқ ва солҳои 1994—1998 аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1996—1998 дар вазифаи муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия ва илм кор кардааст. Тайи солҳои  1998—2003 ҳамзамон ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ,  рӯзноманигорӣ машғул шуда, дар ҳафтаномаи “Чархи гардун” ба сифати  ҳуруфчину тарроҳи компютерӣ кор кардааст.   Аз соли 2012 то соли 2020 декани факултети филологияи тоҷики  ДДОТ ба номи С.Айнӣ  буд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2020 №46 директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Боймурод Шарифзода муаллифи 1 китоб ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ буда,  самти фаъолияти илмиаш таҳқиқи афкори адабӣ ва танқидии суханварони асримиёнагии форсу тоҷик мебошад.

Март 28, 2020 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»