Намояндаи расмии «Ла Лига» дар Осиёи Марказӣ Қайс Раҳмонӣ аз ТВ «Варзиш» боздид намуд

Март 4, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш»  солҳост, ки бо яке аз бонуфузтарин лигаҳои футболи қораи Аврупо «Ла Лига»  ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Дар доираи ҳамкории дуҷониба   чанде пеш  намояндаи расмии «Ла Лига»  дар Осиёи Марказӣ — Қайс Раҳмонӣ аз ТВ «Варзиш»  боздид намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши телевизиони мазкур Бобо Холмуродзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба  иттилои номбурда, Қайс Раҳмонӣ зимни боздид бо шароити техникиву эҷодии ин шабакаи телевизионии варзишӣ шинос шуд. Мақсад аз ҳузури намояндаи футболи Испания, пеш аз ҳама, боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳа маънидод гардид. Ҳамчунин   ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҳайати эҷодиву техникии ТВ «Варзиш»  бо мақсади баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи кормандон дар Испания ба курсҳои махсуси бозомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.

Ташаббуси дигари ин ҳамкорӣ дар самти ҷалби нобиғаҳои футболи испанӣ, ба монанди Карлес Пуйол, Икер Касиляс, Раул ва дигарон мебошад. Тибқи мувофиқа, минбаъд чеҳраҳои саршиноси футболи ин мамлакат ба давлати офтобии мо даъват шуда, бо мухлисон аз наздик мулоқот хоҳанд кард. Боздиди мазкур аввалин иқдоми роҳбарияти Ла Лига ва ТВ «Варзиш»  буда, дар оянда низ идома хоҳад кард.

Директори Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» ва ҳамзамон муовини Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Парвиз Нориён дар чаҳорчӯби стратегияи байналмилалии «Ла Лига»  21  феврали соли 2020 бо мақсади баррасии имкониятҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд аз қароргоҳи «Ла Лига» дар шаҳри Мадрид боздид намуд. Аввалин меҳмони худ аз Тоҷикистонро дар «Ла Лига»  Октави Аноро — сардори Идораи шабакаҳои глобалии «Ла Лига» (LaLiga Global Network), Қайс Раҳмонӣ — намояндаи «Ла Лига» барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Алонсо Аристегуи — сармутахассиси Идораи шабакаҳои глобалӣ ба ҳузур пазируфтанд.

Дар қароргоҳи  мазкур  Парвиз Нориён бо фаъолияти ҳар як департаменту идора шинос гардида, аз таҷрибаи пешрафтаи онҳо дар самти  трансформатсияи байналмилалӣ ва сохтори ташкилии «Ла Лига» дар ҷаҳон ва манотиқ тариқи намояндагиҳои минтақавии он аз масъулин маълумот гирифт.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби вохӯриҳои минбаъда якчанд лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки метавонанд барои рушди футболи наврасон ва ҷавонон бо дастгирии «Ла Лига» дар Тоҷикистон самарабахш бошанд, муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон ҷиҳати ҳамкории судманди «Ла Лига» ва телевизиони «Варзиш» дар самти ҳамгироӣ ва алоқамандии ҳарчӣ бештари мухлисон дар Тоҷикистон бо беҳтарин лигаи ҷаҳон оид ба баргузории чорабинӣ дар шаҳри Душанбе мувофиқаи расмӣ ба миён омад. Дар фарҷом масъулини «Ла Лига» барои аввалин меҳмони худ аз Тоҷикистон ба варзишгоҳи муҳташаму нодири худ- «Ванда Метрополитано»  сафари шиносоӣ ташкил намуданд.

1 март дар «Кохи Суруш»  дар ҳамкорӣ бо ширкати «Сиёма»  барои мухлисони тоҷик ҷиҳати тамошои расмии рақобати сермухлистарин футболи сайёра- «Эл классико» имкон фароҳам оварда шуд. Ин иқдом аллакай тариқи тамоми саҳифа ва сомонаҳои «Ла Лига» ва намояндагиҳои он тарғиб карда шудааст. Мувофиқа гардид, ки дар оянда ҷонибҳо баҳри рушди ҳамкории мутақобилан судманд чораҷуӣ ва гуфтушунидҳоро идома медиҳанд.

Март 4, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд