«НАВРӮЗРО АЗ ХУРОФОТ БОЯД ҶУДО КАРД, ЗЕРО ОН НА БА ИН Ё ОН ДИН, БАЛКИ БА НИЁЗҲОИ АЗАЛИИ ИНСОН РАБТ ДОРАД». Чунин мешуморад профессор Аскаралӣ Раҷабов. Ва шарҳи он ки рамзи Наврӯзро аз кадом ҷиҳат метавон ба аҳроми Маслоу шабеҳ донист

Март 17, 2020 15:03

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 феврали ҳамин сол  рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Лоиҳаи он  аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Дар робита ба мазмуну муҳтаво ва нақшу нигоре, ки дар рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷой дода шудаанд, хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо яке аз муаллифони лоиҳаи он — доктори  илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскаралӣ РАҶАБОВ суҳбат намуд.

Тавре олими тоҷик иброз намуд, ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дорад ва аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, дорои арзишу сифатҳои нек мебошад. Аз ҷумла, зимни таҳияи рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 ваҳдату ҳамраъйӣ ва дӯстиву рафоқат, ки аз муҳимтарин ойинҳои ин ҷашни фархунда дониста мешаванд ва мардуми мо ба он арҷ мегузоранд, ба назар гирифта шудаанд.

Бино ба андешаи муаррихи тоҷик, ҷашни Наврӯз аз назари мазмуну муҳтаво нисбат ба  ҳама ҷашну маросими дигари фарҳангии мо фаротар буда, ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти инсонро фаро мегирад. Вай ягона ҷашнест, ки аз нишона ва рамзи хоси худ, ки эҳёи табиат ва таҷдиди зиндагӣ аст, дар шакли рӯиши сабза ё сабзаи навдамида иборат аст.

Рамзи мазкур, яъне суманаки арчамонанд аз ҳафт табақ иборат мебошад. Суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии инсон аст, ифода менамояд. Сабзаҳои суманак, пеш аз ҳама, ба рӯиш, зинда ва бедор шудани табиат марбут мебошанд ва рамзи сарсабзӣ, ҳамешаҷовидонӣ, нумӯ ва хуррамии инсониятро бозгӯ менамояд. Мардуми ориёитабор сабзаро дар хони худ чун нишони тароват, боландагӣ, хуррамӣ мегузоштанд ва онро рамзи сари сол медонистанд.

Ҳафт табақ  гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, дар дохили он сабзаҳои гандум ҷойгир шудаанд. Анъанаву маросими наврӯзӣ, махсусан дар зарфҳо коштани гандум ва аз он сабза рӯёндан, паҳн намудани суфраи ҳафт син ва ё ҳафт шин ҳамчун рамзи баҳор ва сабзу хуррамии зиндагӣ ба мардум умед ба имрӯзу фардо мебахшанд ва қалбҳоро пур аз орзую омоли нек мегардонанд.

Табақи гирд рамзи давра буда, дар атрофи табақ муттаҳид шуданро ифода мекунад. Яъне, табақ инсонҳоро сарҷамъ мекунад. Дар табақ на танҳо хӯрок, балки ваҳдату ягонагии инсонҳо низ  муҷассам шудааст. Вақте дар сари табақ якҷоя мешинӣ, ҳама кинаҳо, хусуматҳо ва низоъҳо гум мешаванд. Ҳангоме ки дастҳо болои ҳам омаданд, пайванду якдилӣ ва муттаҳидӣ  ба амал меояд.

Ҳар як нақшу нигори гирди табақ ифодагари семантикаи (мазмуну моҳият – тавзеҳи АМИТ «Ховар») махсус аст. Дар нақшҳо фақат рангҳои равшан истифода шудаанд. Зеро яке аз рамзҳои наврӯзӣ рушноӣ аст. Ба воситаи ин рангҳо замин, табиат, осмон ва гулҳо, ки рамзи умед ба рӯзи неканд, ифода ёфтаанд. Ранги зард  рамзи офтоб, зиндагӣ, фаровонӣ ва равшанӣ мебошад. Рангҳои равшан бояд вуҷуди инсонро равшан кунанд.

Дар табақи охирини суманак, яъне  табақи ҳафтум гули наврӯзӣ гузошта шудааст. Ин гул ҳафт барг дорад ва фақат дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мерӯяд. Гули шукуфон дар болои он баёнгари бовар ба ояндаи нек мебошад.

Донишманди тоҷик мегӯяд, ки Наврӯз бо фарорасии баҳор ба кошонаҳои мо нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Ин мероси пурарзиши ҳастӣ тавлиди нахустшодии башар аст, яъне расидан ба остонаи рӯзгори нав, равзанаи кушоишу ҷӯёишҳои тозаи ормонҳо мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввалин рӯзи сол омадааст, яъне, ки соли нав аз он оғоз мегардад.

Ба нақли ҳамсуҳбати мо, ниёгони мо ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, чанд рӯз қабл аз Соли нав маросиме бо номи «хонабаророн» ё худ «хонатаконӣ» мегузарониданд. Тамоми палосу кӯрпаву лавозимоти хонаро офтоб дода, ҳама ҷоро тозаву озода мекарданд. Ҷашни Наврӯз расман бо ин суннатҳо оғоз мегардад. Ҳар сол табиат хонаи худро покизаву нав мекунад. Мо низ бояд хонаи дилро аз гарди ғам пок намоем ва боғи хотирро аз гулҳои ишқу умед ва некӣ сабзу хуррам кунем. Бояд ба мисли табиат аз хоби сарди андешаҳои кӯҳнаву беҳуда бархоста, баҳори кору зиндагиро аз сар оғоз намуда, дар сафари зиндагӣ манзили ҳар рӯзу моҳу солро беҳтар аз дирӯз созем.

Профессор Аскаралӣ Раҷабов бар он назар аст, ки Наврӯзро бояд аз хурофот ҷудо кард. Зеро Наврӯз ба ягон дин, қавм ва мазҳаб иртибот надорад. Наврӯз ойинаи сулҳу сафо ва дӯстиву муҳаббат аст, зеро ба истиқболи он дар баробари тозаву покизагии хонаву муҳити зист тану ҷонро низ бояд поку мусаффо сохт. Бино ба расми ниёгон, дар ин рӯз ғубори кудуратҳоро аз ойинаи дил зудуда, хонаи ҷонро ҷойгоҳи муҳаббат ва покизагӣ гардонда, дар фазои сулҳу оштӣ дӯстона ба сӯи зиндагии навин, хушбахтӣ ва саодату ҳамкорӣ қадам гузошт.

Дар омади гап, дар  ҳафт табақи  гирд омода кардани суманак, ки рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад, то ҷое ба «аҳроми Маслоу», ки онро «пирамидаи ниёзҳои инсон» низ меноманд, хеле монандӣ дорад. Абраҳам Маслоу равоншиноси машҳури Амрикост, ки соли 1908 дар Ню-Йорк ба дунё омада, соли 1970 дар Калифорния аз олам даргузаштааст.

ДАР АКС: аҳроми (пирамидаи) Маслоу.

Аҳроми сохтаи ӯ, ки низ аз ҳафт қабат иборат аст,  инсонҳоро ба кору амали нек  ва кӯшишу талош ба рушду  нумуъ ҳидоят менамояд.     Ба ақидаи Маслоу, дар қабатҳои ин аҳром ниёзҳо ва ё эҳтиёҷоти  зотии инсон ифода ёфтаанд. Инсон барои он ки комил ва хушбахт гардад, ба ҷуз эҳтиёҷи физиологӣ (хӯрок, об, хоб, ҳаво ва ғайра)  шаш навъи дигари ниёзҳо низ дорад: амният, вобастагӣ ва муҳаббат,  эҳтирому  эътимод, донишу маърифат,  зебоӣ ва нафосат ва, ниҳоят, худсозӣ ва нишон додани донишу маҳорат ва ақлу фаросати худ дар амал.

Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки муаллифони рамзи наврӯзӣ ба орзу ва ниёзҳои инсон, ки яке аз суннатҳои наврӯзӣ аст, рӯй овардаанд. Ва агар ин орзуву ормони мардум бароварда шавад, ҷомеаи мо ба нуқтаи олии хушбахтӣ ва осоиш хоҳад расид.

Март 17, 2020 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд