ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор боқӣ монда, борони кӯтоҳмуддат меборад

Март 26, 2020 09:29

ДУШАНБЕ, 26.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 26 март дар ҷумҳурӣ ваъи ҳаво ноустувор   боқӣ монда, боришоти борону барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест. Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат борида,  раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8  ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон ва барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои қисман абрнок пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада,   шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок дар назар дошта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10 ва рӯзона 14+19  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Март 26, 2020 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад