ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Март 18, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шабонарӯзи наздик дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор, шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 2 дараҷа хунук то  3 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол  аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12 ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва  рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 8+10  дараҷа гарм ва  рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.

Март 18, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад