ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ мемонад

Март 6, 2020 08:02

ДУШАНБЕ, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ монда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф меборад. Инчунин дар роҳҳои кӯҳӣ туман боқӣ монда, фаромадани тарма ва сангрезӣ дар назар аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо барфи майда борида, рӯзона бебориш мешавад.

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз -0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона аз 0-5 (дар мавзеи Булункул 25-27 хунук) дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боридани борону барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15м/с мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои қисман абрнок дар назар дошта шуда, дар водиҳо борон ва  дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда,  дар водиҳо борон ва баъзан барфи тар меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ба амал омада, дар ноҳияҳо туман мефарояд .  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 6+11  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона   0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония вазида, фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.. Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Март 6, 2020 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад