ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Март 27, 2020 08:07

ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон ва барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0+4 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф меборад.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои қисман абрнок пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Инчунин дар ин вилоят раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000м барф) меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония  вазида,  раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6+11 ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва  рӯзона 7+12 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок дар назар дошта шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+10 дараҷа ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Март 27, 2020 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст