Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2020» маълум гардиданд

Март 24, 2020 17:14

ДУШАНБЕ, 24.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар  Муасиссаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2020»  баргузор шуд. Дар пойгаи асосӣ ба масофаи 2000 метр миёни аспҳои аз чаҳорсола болои зоти англисӣ аспе  бо лақаби «Шерхон-Дарк» аз Душанбе соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Манучеҳр Асомиддинов бо натиҷаи 2 дақиқаю 3 сония пирӯз шуд. Мақоми дуюм низ  бо натиҷаи 2 дақиқаю 5 сония насиби   аспи Анӯшервони Рустам бо лақаби «Паймон», ки саворааш Далер Сафаров буд, гардид. Мақоми сеюмро аспе бо лақаби «Ватан» аз Душанбе,  ки  соҳибаш Ромиш Умаров ва  саворааш Шоҳрух Ятимов буд, бо натиҷаи 2 дақиқаю 6 сония ишғол кард.

Тавре  мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода   ба шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод, дар пойга бо аспҳои сесолаи зоти ахалтекинӣ (туркманӣ) ба масофаи 1400 метр аспе бо лақаби «Сарбаланд» аз Душанбе соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Фирдавс Саломов бо натиҷаи 1 дақиқаю 35 сония ғолиб гардид. Мақоми дуюмро аспе бо лақаби «Тулӯъ» аз ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибаш Абдусамад Ҷалматов, саворааш Бобур Ҷалматов  бо натиҷаи 1 дақиқаю 39 сония  сазовор шуд. Мақоми сеюмро аспе бо лақаби «Самарқанд» аз Душанбе соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Манучеҳр Асомиддинов бо натиҷаи 1 дақиқаю 43 сония ишғол кард. Боз дар шаш пойгаи дигар бо аспҳои зоти тоҷикӣ ба масофаҳои 1400, 1800 ва 2000 метр ғолибон муайян шуда, бо ҷоми рамзиву медалҳо, ифтихорномаву ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд.

Маблағи умумии ҷоизаи  мусобиқаи мазкур  61 ҳазор сомониро ташкил медод, ки  он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудо гардид. Дар ҳар як пойга ба ғолиби ҷои аввал  2000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ тақдим гардид. Ин дафъа шоҳҷоиза таъсис дода нашуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур  70 сар аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор ва Ховалинг  ширкат варзиданд.

Март 24, 2020 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд